Ҳавошиносон гуфтанд, ки кай ҳаво гарм мешавад

Date:

Дар шаҳри Душанбе, тибқи пешгӯии ҳавошиносон, аз пагоҳ – 6-уми март ҳаво гарм мешавад.

Аз Маркази бодуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки шурӯъ аз пагоҳ ҳарорати ҳаво шабона то +6 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлону Суғд аз 7-уми март ҳаво гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво нисбатан сард боқӣ мемонад. Дар ин минтақаҳо ҳадди аққал то 10-уми март ҳавои сард пешгӯӣ мешавад. Баъдан, наздик ба охири моҳ дар ин манотиқ ҳам ҳаво тадриҷан гарм мешавад.

Тавре қаблан хабар дода будем, хатари фаромадани тарма дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Махсусан, аз 5 то 7-уми март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тармарезӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар маҷмӯъ, тибқи пешбинии ҳавошиносон, моҳи март сард мешавад: ҳаво тағйирёбанда ва боришот дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...