Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошти размкори маъруфи ММА ва блогери тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро таъйид кард. Дар изҳороте, ки ин ниҳод шоми 30-юми декабр дар хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Чоршанбиев дар Душанбе аст ва боздошт шудааст.
Ҳамчунин ин ниҳод аз боз шудани парванда бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ – 189 ва 307 алайҳи Чоршанбиев хабар дода гуфтааст, ки "ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст".
Ҳамчунин дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки дар соли 2014 низ алайҳи Чоршанбиев аз сӯйи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хоруғ барои дуздии моликияти шахсии сокини шаҳри Хоруғ Абулназар Мамадкаримов бо моддаи 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, моҳи ноябри соли 2014 Қонуни авф татбиқ гардидааст.
Боздошти Чоршанбиев дар ҳолест, ки зуҳри дирӯз, 30-юми декабр дафтари матбуоти ВКД ба "Азия-Плюс" хабари боздошти ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе рад кард ва гуфт, “ин хабарҳо асос надорад”.
Аз дафтари матбуотии ВКД дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, агар чунин иттилое дар бораи истирдод ва боздошти ӯ пайдо шавад, дар сомонаи расмии ВКД пахш мекунанд ва расонаҳо аз он метавонанд истифода кунанд.
Хабари истирдоди Чоршанбе Чоршанбиев ба Тоҷикистон ва боздошти ӯро баъди зуҳри дирӯз, 30 декабр пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News» нашр кард. Пойгоҳ навишт, ӯ шаби 29-30 декабр ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар фурудгоҳ ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дастгир кардаанд.
Ҳоло мушаххас нест, ки алайҳи Чоршанбиев кадом банди ин моддаҳои кодекси ҷиноӣ татбиқ шудааст, вале ин ду модда дар маҷмуъ то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.
29 декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи Чоршанбиевро қонунӣ эътироф карда, қарори додгоҳи ноҳияи Останкинои Маскавро бидуни тағйир гузошт. Ба ин тартиб, Чоршанбиев бояд дар наздиктарин фурсат хоки Русияро тарк мекард.
Чоршанбиев ихроҷашро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав мунтазир буд. Ӯ аввали моҳи декабр ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд.
Чоршанбиев навори видеоии яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки “Toyota Camry” бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад.
Нисбати Чоршанбиев мутобиқи моддаи 18.8 (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия) санади маъмурӣ тартиб дода шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.