Имсол ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба киҳо тақдим гардид?

Date:

Дирӯз, 11-уми март, дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид ва тибқи анъана, ба чандин нашрияву кормандони расонаҳо сипосномаву туҳфаҳо ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим шуд.

Бахши матбуот:

Камоли Қурбониён, собиқ сармуҳаррири “Ҷумҳурият”;

Мавҷуда Ҳасанова – сармуҳаррири маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ”

3. Умари Шерхон, публитсист;

4. Амир Саидзодаи Мункӣ, журналист аз ноҳияи Ховалинг.

Бахши телевизион:

1. Ёрмаҳмад Самадов, наттоқи телевизиони “Тоҷикистон”;

2. Барно Соҳибова, сармуҳаррири идораи таҳлилии Телевизиони “Ҷаҳоннамо”;

3. Шарифзода Маҳмадалӣ Сафар, муҳаррири телевизиони “Тоҷикистон”.

Бахши радио:

Зиёратшоҳ Аҳмадов, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон.

Бахши пажӯҳиши илмӣ:

Зафар Аскар, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бахши сомонаҳои иттилоотӣ:

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори ҳафтаномаи “Истиқлол”.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...