Имсол ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба киҳо тақдим гардид?

Дирӯз, 11-уми март, дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид ва тибқи анъана, ба чандин нашрияву кормандони расонаҳо сипосномаву туҳфаҳо ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим шуд. Бахши матбуот: Камоли Қурбониён, собиқ сармуҳаррири “Ҷумҳурият”; Мавҷуда Ҳасанова – сармуҳаррири маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” 3. Умари Шерхон, публитсист; 4. Амир Саидзодаи Мункӣ, журналист аз ноҳияи Ховалинг. […]

Дирӯз, 11-уми март, дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид ва тибқи анъана, ба чандин нашрияву кормандони расонаҳо сипосномаву туҳфаҳо ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим шуд.

Бахши матбуот:

Камоли Қурбониён, собиқ сармуҳаррири “Ҷумҳурият”;

Мавҷуда Ҳасанова – сармуҳаррири маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ”

3. Умари Шерхон, публитсист;

4. Амир Саидзодаи Мункӣ, журналист аз ноҳияи Ховалинг.

Бахши телевизион:

1. Ёрмаҳмад Самадов, наттоқи телевизиони “Тоҷикистон”;

2. Барно Соҳибова, сармуҳаррири идораи таҳлилии Телевизиони “Ҷаҳоннамо”;

3. Шарифзода Маҳмадалӣ Сафар, муҳаррири телевизиони “Тоҷикистон”.

Бахши радио:

Зиёратшоҳ Аҳмадов, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон.

Бахши пажӯҳиши илмӣ:

Зафар Аскар, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бахши сомонаҳои иттилоотӣ:

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори ҳафтаномаи “Истиқлол”.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.