Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131
СААД ба Қазоқистон неруҳои посдори сулҳ сафарбар мекунад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

СААД ба Қазоқистон неруҳои посдори сулҳ сафарбар мекунад

14
14

Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин Созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳба ин кишвар сафарбар мекунад.

“Дар робита ба муроҷиати президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии Қазоқистон, ки аз ҷумла бо сабаби дахолат аз хориҷ ба миён омад, Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мутобиқи моддаи 4-и Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон ба ин кишвар як воҳиди неруҳои посдори сулҳ сафарбар мекунад”, – изҳор доштааст раиси феълии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Дар ин бора дар сомонаи расмии сарвазири Арманистон хабар дода мешавад.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Дар Котиботи СААД хабар додаанд, ки муроҷиати ҷониби Қазоқистон дар бораи кумак ба ин кишвар ҳамчун “ҳамлаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дар хориҷи кишвар омодашуда баррасӣ шуд”.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Инчунин бино ба иттилои хабаргузории Фергана, шоми 5 январ маълум шуд, ки президент сардори Хадамоти асосии махсус – Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон – Карим Масимовро иваз намуда, ба ҷойи ӯ собиқ роҳбари хадамоти посбонии президент Ермек Сагинбаев ба ин вазифа таъин шудааст, хабар дода мешавад дар шабакаи Telegram-и нашрияи КазТАГ.

Ин нашрия ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки субҳи 6 январ дар Алмаато амалиёти густурдаи поксозии шаҳр аз ғоратгарон ва саркардагони ошӯб роҳандозӣ мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Токаев гунаҳкорони вазъи эътирозӣ дар Қазоқистонро номбар кард

Дар пасманзари эътирозҳо дар шаҳр роҳзаниву ғоратгарӣ оғоз шуда, тақрибан 400 қаҳвахона, дӯконҳо ва биноҳои маъмурӣ ғорат карда шуданд. Ғоратгарон ҳамчунин мошинҳоро, аз ҷумла мошинҳои хадамоти изтирориро оташ заданд.

Даҳҳо эътирозгар фурудгоҳи байналмилалии Алматоро ғасб ва чанд соат зери тасарруф нигоҳ доштанд. То фаро расидани шаб ба мақомот муяссар шуд, ки эътирозгаронро аз фурудгоҳ берун кунанд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар ҷараёни бетартибиҳо 8 корманди пулис ва сарбозони Гвардияи миллӣ ҳалок шуда, 317 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

Муовини раиси шаҳри Алмато бо мақсади таъмини тартибот “амалиёти махсуси зиддитеррористӣ”-ро дар шаҳр эълон кард.

Қобили зикр аст, ки акнун аз 5 то 19 январ дар саросари Қазоқистон реҷаи вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...