“Аз аҳли биҳишт аст”. Сафияхон Раҳматоваро дар Хуҷанд ба хок супориданд

Имрӯз, 13-уми март ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола, ки як моҳ пеш дар дарёи Сир ғарқ шуда, ҷасадашро дирӯз, дар яке аз каналҳои Ӯзбекистон дарёфт карданд, дар шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд. Маросими ҷаноза бо иштироки садҳо нафар дар ҳавлии падараш, кӯчаи Раҳмон Набиев баргузор шуд ва ӯро дар қабристон “Боғи охун”-и шаҳр дафн карданд. […]

Имрӯз, 13-уми март ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола, ки як моҳ пеш дар дарёи Сир ғарқ шуда, ҷасадашро дирӯз, дар яке аз каналҳои Ӯзбекистон дарёфт карданд, дар шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд.

Маросими ҷаноза бо иштироки садҳо нафар дар ҳавлии падараш, кӯчаи Раҳмон Набиев баргузор шуд ва ӯро дар қабристон “Боғи охун”-и шаҳр дафн карданд.

Дар ҷаноза имомхатиб бо такя ба каломи Худо ва ҳадисҳои паёмбар гуфт, ин кӯдаки 9-сола аҳли биҳишт аст.

Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. 

Дар он навор мушоҳида мешуд, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид гардид. Волидони Сафияхон бовар доштанд, ки духтарашон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсияву тафтишотӣ ва ихтиёриён ҳам кӯмак мекарданд.

Баъди як моҳи ҷустҷӯй, ҷасади Сафияхон Раҳматова дар яке аз каналҳо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт кардаанд.

Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши КҲФ-и шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасад ӯро кормандони КҲФ-и Ӯзбекистон рӯзи 12-уми март аз тарафи рости соҳили канали Мирзочӯли ҷанубӣ, ки ба ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон мерезад, дарёфт кардаанд.

Қаблан, КҲФ Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷасади ин духтарча дар ҳудуди Ӯзбекистон ба унвонии КҲФ ин кишвар мактуб ирсол карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.