Муфтии кишвар аз савдогарон хоҳиш кард, ки дар Рамазон нархҳоро боло набаранд

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои кишвар аз савдогарон хоҳиш кардааст, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд. “Дин ва ҷомеа”, маҳаллаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз қавли муфтии кишвар навиштааст, ки “ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи […]

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои кишвар аз савдогарон хоҳиш кардааст, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд.

“Дин ва ҷомеа”, маҳаллаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз қавли муфтии кишвар навиштааст, ки “ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”.

Абдулқодирзода нигаронӣ кардааст, ки баъзе савдогарон дар моҳи Рамазон ба эҳтикор ё ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд, ки ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

"Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”, – гуфтааст муфтии Тоҷикистон.

Ӯ аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо кор мекунанд, хоҳиш кардааст, ки дар ин моҳи муборак хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад.

Дар гузашта ҳам Саидмукаррам Абдулқодирзода аз савдоганрон талаб карда буд, ки нархи маҳсулоти ғизоиро дар моҳи Рамазон боло набаранд. Вале тавре дида мешавад, ин талабот на ҳамеша аз ҷониби савдогарон риоя мешавад.

Сокинони Тоҷикистон ҳамасола аз афзоиши нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон шикоят мекунанд. Онҳо нигаронӣ мекунанд, ки бархе савдогарон бо истифода аз ин моҳи муборак нархи масҳулотро боло мебаранд, ки ин хилофи дини ислом аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.