Нахустин мавъиза пас аз боз шудани масоҷид: интиқоди муфтӣ аз соҳибкорон

Имрӯз, 20-уми март аввалин намози ҷумъа баъд аз дубора боз шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд. Зимни мавъиза дар Масҷиди марказии Душанбе раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз соҳибкороне интиқод кард, ки бо истифода аз фурсат нархи маводи ғизоиро боло бурданд. “Дар ин ҳолатҳо бояд эҳтиёт бошем, – изҳор дошт муфтӣ. – Баръакс дар […]

Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми март аввалин намози ҷумъа баъд аз дубора боз шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд. Зимни мавъиза дар Масҷиди марказии Душанбе раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз соҳибкороне интиқод кард, ки бо истифода аз фурсат нархи маводи ғизоиро боло бурданд.

“Дар ин ҳолатҳо бояд эҳтиёт бошем, – изҳор дошт муфтӣ. – Баръакс дар паҳлӯи мардум бошем. Мардумро дилбардорӣ ва дастгирӣ кунем. Хайрхоҳи шаҳрвандон бошем, на бар зиёну зарари мардум амал кунем”.

Дар мавриди коронавируси Covid-19 Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт: “Худоро шукр, алҳамдулиллоҳ, ҳоло ба қайд гирифта нашудааст. Мабодо агар омада бошаду ниҳодҳо ҳам бехабар бошанд, мардум вақте сарҷамъ мешаванд, ин бемории сирояткунанда аст ва ҳадиси Пайғомбар (с) ҳаст: “Аз бемории сирояткунанда барҳазар ва дур бошед”.

Қобили зикр аст, ки теъдоди намозгузорон дар ин рӯзи ҷумъа назар ба моҳи пеш бетағйир буд. Ҳамзамон аксари намозгузорон бе ниқоби тиббӣ ибодат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.