Дар Беларус зодаи Тоҷикистонро, ки пеш аз сафарбарӣ ба хидмати ҳатмӣ гурехт, боздошт карданд

Дар қаламрави Беларус бо дархости сохторҳои қудратии Маскав зодаи Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ шаҳрвандии Русия гирифта, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуд, лекин пеш аз сафарбарӣ ба артиш аз нуқтаи ҷамъшавӣ фирор кардааст. Дар ин бора Медиазона бо истинод ба Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад. Зодаи Тоҷикистон мутобиқи модда дар бораи […]

Asia-Plus

Дар қаламрави Беларус бо дархости сохторҳои қудратии Маскав зодаи Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ шаҳрвандии Русия гирифта, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуд, лекин пеш аз сафарбарӣ ба артиш аз нуқтаи ҷамъшавӣ фирор кардааст. Дар ин бора Медиазона бо истинод ба Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Зодаи Тоҷикистон мутобиқи модда дар бораи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ айбдор карда мешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсат, мардро ба Маскав оварда, дар бозпурсӣ ӯ ба гуноҳаш иқрор шудааст.

“Ду зодаи Тоҷикистон, соли таваллудашон 2004 ва 2005 мутаносибан солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ даъват шуданд. Аммо рӯзи 22 октябри соли 2023 онҳо нуқтаи ҷамъшавии комиссариати ҳарбии шаҳри Маскавро тарк карда, ба самти номаълум ғайб задаанд”, – иттилоъ медиҳад Раёсат.

Гуфта мешавад, айни замон муфаттишон айбдоршавдаи дуюмро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Дар пасманзари идомаи ҷанг дар Украина мақомоти Русия кӯшиш доранд теъдоди даъватшавандагон ва шахсонеро, ки тибқи қарордод хизмат кардан мехоҳанд, зиёд кунанд.

Моҳи декабри соли 2023 2 шаҳрванди Тоҷикистон зикр карда буданд, ки сохторҳои қудратии Русия бо истифода аз шиканҷа онҳоро ба имзои қарордод бо Вазорати мудофиа маҷбур кардаанд.

Моҳи август нашрияи “7х7” хабар дод, ки дар вилояти Калуга низ муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба имзои қарордод ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русия маҷбур кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.