Таҷлили Наврӯз дар Душанбе ба таъхир афтод

Date:

Бино ба сабаби номусоидии ҳаво таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои як рӯз ба таъхир гузошта шуд. Ҳамакнун Наврӯз дар сатҳи кишвар рӯзи 23-юми март таҷлил мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки ҷашни Наврӯз дар сатҳи кишвар рӯзи 21-уми март бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегардид.

Имрӯз шаҳдории пойтахт бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар навист, ки рӯзҳои 21 ва 22-юми март дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад ва борони шадид меборад.

Ҳамин тариқ, рӯзи 23-юми март дар боғҳои фарҳангию фароғатии навоҳии пойтахт барномаҳои фарҳангии наврӯзӣ ва нимаи дуюми рӯзи 24-юми март дар майдони “Истиқлолият”-и шаҳри Душанбе “Корвони наврӯзӣ” баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд.

Тавре қаблан шаҳрдорӣ хабар дода буд, дар робита ба ин, тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ асосан бегоҳ баргузор мешаванд ва шоми 19-20-уми март дар тамоми боғҳои шаҳр дар маҳалҳо чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

“Ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки идро шахсоне, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, таҷлил кунанд. Ошпазҳои маҳаллӣ шуморо бо таомҳои миллӣ шод мегардонанд, занон дар дегҳои калон суманак мепазанд”, – гуфта буд манбаъ.

Ин ҷашн дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи С. ноҳияи Айнии И.Сомонӣ, дар боғи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино баргузор хоҳад гашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...