“Фурсати донистан”: Тартиби даъват намудани ситонанда ва қарздор дар истеҳсолоти иҷро чигуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки боМеҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби даъват намудани ситонанда ва қарздор дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ намуданд.    Тартиби даъват намудани ситонанда ва қарздор ба […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки боМеҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби даъват намудани ситонанда ва қарздор дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ намуданд. 

 

Тартиби даъват намудани ситонанда ва қарздор ба назди Иҷрочии Хадамоти иҷро чигуна мебошад? Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оиди ин ҳолат чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Дар моддаи 30 Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар бораи  тартиби хабар додан ва даъват намудан дар истеҳсолоти иҷро меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст. Чун қоида, шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда дар бораи вақт ва макони гузаронидани амалҳои иҷро  огоҳ карда мешаванд ё ба назди иҷрочии мақомоти иҷро бо даъватномаи тариқи огоҳинома оид ба супорида шудан, телефонограмма, бо истифода аз намудҳои гуногуни алоқа, аз  қабили электронӣ, бурдарасонӣ ва ба воситаи шахсе, ки иҷрочии мақомоти иҷро бо розигии ӯ бурдарасониро ба ӯ супориш медиҳад, даъват мешаванд.

Хабарномаҳои унвонии ситонанда ва қарздор ба суроғаҳои дар ҳуҷҷати иҷро нишондода равон карда мешаванд. Хабарномаи унвонии дигар шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ба ҷои истиқомат ё ба ҷои кор ва ё маҳалли қарордоштаи чунин шахс равон карда мешавад. Шахсоне, ки аз ҳозир шудан аз даъвати иҷрочии мақомоти иҷро саркашӣ менамоянд, дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро маҷбуран оварда мешаванд.

Даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ба унвонии шаҳрванд ирсолгардида, ба ӯ бо гирифтани дастхаташ дар огоҳиномае, ки бояд ба иҷрочии мақомоти иҷро баргадонида шавад, шахсан супорида мешавад. 

Агар ситонанда ё қарздор дар суроғаи дар ҳуҷҷати иҷро нишондода истиқомат ё қарор надошта бошад, пас даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ба суроғаи маҳалли истиқомат, суроғаи ҳуқуқии ташкилот равон карда мешавад.

Агар шахси дастраскунандаи даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо шахси даъватшавандаро дар маҳалли истиқоматаш дарёфт накунад, пас даъватнома ё дигар намуди хабарнома ба яке аз шахсони болиғи аъзои оила, ки якҷо бо ӯ истиқомат мекунанд, барои қабули даъватнома ё дигар намуди хабарнома, супорида мешавад. Дар ин сурат, даъватшаванда хабардоршуда ҳисобида мешавад.

Дар сурати набудани даъватшаванда шахси дастраскунандаи даъватнома ё намуди дигари хабарномаҳо дар огоҳинома оид ба супоридан, ба куҷо рафтан ва кай дар назар будани бозгашти даъватшавандаро дарҷ менамояд, ё ин ки қайдҳоро оид ба мавҷуд набудани чунин маълумот сабт менамояд.

 

Дар сурати аз ҷониби  қарздор рад намудани қабули даъватнома,  чигуна оқибатҳо ба вуҷуд омаданаш мумкин аст? Дар чунин ҳолатҳо иҷрочии Хадамоти иҷро чигуна амал менамояд?

Дар моддаи 30 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар бораи оқибатҳои рад намудани қабули даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ва ҳозир нашудан баъд аз қабули он, меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳолати рад кардани қабули даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо шахси дастраскунандаи он дар даъватнома ё дигар намуди хабарнома қайди дахлдор гузошта, онро ба иҷрочии мақомоти иҷро бармегардонад.

Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда, хабардоршуда ҳисобида мешаванд, агар:

1) даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ё дигар намуди хабарнома саркашӣ намуда бошад;

2) бо вуҷуди гирифтани хабарнома тариқи почта даъватшаванда барои гирифтани даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳое, ки ба унвонии ӯ равон карда шудаанд, ҳозир нашуда бошад;

3) дар сурате, ки даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ирсолшуда ба охирин суроғаи маълумбудаи маҳалли истиқомати шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ё ба суроғае, ки аз тарафи ӯ ба таври хаттӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро барои огоҳонидани чунин шахс дода шудааст  ё даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ба таври дигари аз тарафи шахси зикршуда равон шудааст, вале шахс даъватнома ё дигар намуди хабарномаро нагирифтааст;

 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.