Қоғазпораҳоро ба куҷо метавон супорид?

Date:

Имрӯз, 18-уми март, Рӯзи ҷаҳонии коркарди партов аст. Ба ин муносибат, нуқтаҳоеро, ки қоғазпора, ашёи пластикӣ ё оҳан қабул мекунанд, муайян кардем.

Ҳамчунин, дар бораи нархномаи онҳо низ маълумот гирдоварӣ намудем.

“Муросо эко”

“Муросо эко” чархҳои резинии мошинро қабул мекунад. Шумо метавонед чархҳои куҳнаи резиниро бо дилхоҳ намуду андоза ба ин ҷо супореду бар ивазаш маблағ гиред. Барои ҳар як чархи хурд ширкат аз 3 то 5 сомонӣ, барои чархҳои андозаашон миёна 16-18 сомонӣ ва барои чархҳои калон, мисли чархи мошини боркаш, 20-25 сомонӣ пардохт мекунад. Ширкат чархҳои кӯҳнаро коркард ва такроран дар истеҳсолот истифода мебарад.

Телефон: (+992) 937002121,  почтаи эл.: [email protected]

Нишонӣ: к. Р. Набиев 349, наздикии маҳаллаи Чортут

Нуқтаи қабули қоғазпораи №555 

Дар ин марказ ҳамаи намуди қоғазпораро қабул мекунанд. Танҳо як талабот аст: қоғазпора набояд тар ё равғанӣ бошад. Нархи он аз намуд ва сифати қоғазпора вобастагӣ дорад. Масалан, 1 кг қоғази сафедро дар марказ бо нархи 3 сомонию 40 дирам – 3 сомонию 50 дирам харидорӣ мекунанд. 1 кг қоғази ғафс (картон) бошад 1 сомонию 40 дирам нарх дорад.

Телефон: (+992) 938636430

Нишонӣ: к. Миралӣ Маҳмадалӣ, наздикии Султони Кабир

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нуқтаи қабули қоғазпораи №111

Дар ин нуқта ҳам тамоми намуди қоғазпора қабул карда мешавад. Талабот дар ин ҷо низ ҳамон аст: қоғазпораҳо бояд хушк бошанд. Дар ин ҷо китобҳои куҳнаи саҳифаҳояшон зардшударо метавон 1 сомонию 20 дирам ва китобҳои чопи навро 3 сомонӣ фурӯхт. Нархи 1 кг рӯзномаҳои куҳна дар ин марказ 2 сомонӣ аст. Қоғази нисбатан сафед бошад 3 сомонӣ арзиш дорад. Агар ҳаҷми қоғазпора аз 1 тонна зиёдтар бошад, нархаш низ баландтар мешавад – 4 сомонӣ барои 1 кг. Барои маълумоти бештар метавонед қаблан бо масъулон тамос гиред.

Телефон: (+992) 938958505, (+992) 907111146

Нишонӣ: к. Айнӣ, наздикии Майдони ғалаба (танк)

Нуқтаи қабули оҳанпора

Дар нуқтаи қабули оҳанпора навъҳои гуногуни он қабул мешавад. Дар ин ҷо барои 1 кг оҳан, вобаста ба ҳолату сифати он, аз 3 то 5 сомонӣ пардохт мекунанд. Ҳамчунин, марказ хадамоти интиқоли оҳанпораро низ пешниҳод мекунад, вале дар ин ҳол, арзиши он коҳиш меёбад.

Телефон: (+992) 918901410 

Нишонӣ: к. Абдулаҳада Қаҳоров, наздикии Чорбоғ

“Эколайф”

Дар шаҳри Хуҷанд низ нуқтаи қабули қоғазпора мавҷуд аст. “Эколайф” ҳама намуди қоғазпораро қабул карда, барои 1 кг 5 сомонӣ пардохт мекунад.

Телефон: (+992) 551500100

Нишонӣ: ш. Гулистон, Минтақаи саноатӣ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нуқтаҳои сӯзишвории “Газпромнефт-Тоҷикистон”

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт-Тоҷикистон” қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии пластик насб шудааст, ки ҳар кас метавонад зарфҳои пластикии ҷамъкардаашро ба он ҷо супорад. Барои ин маблағ пардохт намешавад.

Қабули батареяҳои фарсуда

Дар нуқтаҳои савдои бузурги пойтахт, ба мисли “Пайкар”, “Авранг” ва “Ашан” қуттиҳои махсус дар шакли батарея насб шудаанд. Батареяҳои истифодашударо дар хона ҷамъ карда, дар лаҳзаи мувофиқ, масалан, ҳангоми харид, метавон ба ин гуна қуттиҳо супорид. Барои ин маблағ пардохт намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Инчунин, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои асосии кишвар қуттиҳои махсус дар шакли зарфи пластикӣ барои партофтани партовҳои пластикӣ гузошта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...