Ҳукми абади 5 нафар барои куштори Шуҳрат Исматуллоев

Барои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” 5 нафар ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шуда, гумонбарони дигар бо ҳукмҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Аз дафтари матбуотии Додгоҳи олӣ эълони ҳукми гумонбарони парвандаи Исматуллоевро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, вале гуфтанд, дар робита ба муҳлати ҷазои гумонбарон […]

Барои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” 5 нафар ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шуда, гумонбарони дигар бо ҳукмҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Аз дафтари матбуотии Додгоҳи олӣ эълони ҳукми гумонбарони парвандаи Исматуллоевро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, вале гуфтанд, дар робита ба муҳлати ҷазои гумонбарон иттилои бештар дода наметавонанд. Аз ин ниҳод ба мо ваъда карданд, ки дертар иттилоъи бештар дастрас мекунанд.

Ҳамин тариқ, додгоҳ

Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ);

Қамаруззамон Азизов;

Акбар Аҳмадов;

Бахтовар Сафаров ва

Шоҳрух Хӯҷаевро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардааст.

Нӯҳ нафари дигар бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла хабар надодан дар бораи ҷиноят аз 1 то 8 сол зиндонӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъи Радиои Озодӣ, “бар асоси ҳукми додгоҳ, амволи баъзе аз онҳо, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов мусодира мешаванд. Пайвандони Саидмуродов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ норозианд”.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ё додситон барои 4 гумонбари қатли Шуҳрат Исматуллоев, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ) ва Қамаррузамон Азизов ҳукми абад ва барои 10 муттаҳами дигар аз 3 то 14 соли зиндон хоста буд.

Гумонбарон танҳо ба куштани Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам нестанд, ба зидди баъзе аз онҳо барои хабар надодан ё пинҳон доштани ҷиноят парванда боз кардаанд.

Гуфтан зарур аст, ки муҳокимаи гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил аст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулл, моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев ба зидди 18 нафар парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб қарор доранд ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотӣ расман ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯзноманигорон ироа кард ва гуфт, бонкдори тоҷик ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии ӯ рабт дорад.

Ӯ гуфт, баъди дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтан, Азизов ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷиноят Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Дар бораи ҷузъиёти бештари ин парванда аз мақолаи “Сирри махфӣ нест”. Аз “А” то “Я”-и қазияи рабудан ва қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоев” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.