Дар Суғд як мард аз Русия баргашта, зани ҳомилаашро куштааст

Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, се рӯз пеш, шаби 15-уми март, аз дасти шавҳараш кушта шудааст. Ба иттилои наздикони Фотима Сатторова, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст. Ҷасади ӯро субҳи 16-уми март хушдоман ва дигар пайвандони шавҳараш оғуштаи хун пайдо кардаанд. Акбар Шарипов, сардори дафтари матбуоти Раёсати ВКД […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, се рӯз пеш, шаби 15-уми март, аз дасти шавҳараш кушта шудааст.

Ба иттилои наздикони Фотима Сатторова, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст. Ҷасади ӯро субҳи 16-уми март хушдоман ва дигар пайвандони шавҳараш оғуштаи хун пайдо кардаанд.

Акбар Шарипов, сардори дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд куштори зан аз ҷониби шавҳарро тасдиқ карда, аммо аз додани иттилои бештар худдорӣ намуд.

Яке аз наздикони зани кушташуда гуфт, “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.

Сабаби ба ин кор даст задани шавҳар таҳқиқ мешавад. 

Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст. Шарикдарсонаш мегӯянд, ӯ рӯзи 15-уми март дар дарс иштирок дошт ва эҳсоси хатар намекард.

Ҳамчунин, масъулини ин факулта зикр карданд, ки шавҳари Фотима Сатторова бемории рӯҳӣ дошт.

"Ба донишгоҳ меомад ва ба дарс медаромад. Чанд маротиба хоҳиш кардем, ки вориди синфхона нашавад ва ба раванди дарс халал нарасонад. Бародаронашро даъват кардем, гуфтанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дорад", – гуфтанд онҳо.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷони шавҳар дар вилояти Суғд пешгтар низ сабт шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта, сокини 28-соли ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳамсарашро дар заминаи рашк ба қатл расонида, барои 17 сол равонаи зиндон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио