Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, аммо аз толори додгоҳ раҳо кард. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март навишт, ки Адахон Мадумаров ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор аз толори додгоҳ озод карда шудааст. Муҳокимаи парвандаи Мадумаров пушти […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, аммо аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март навишт, ки Адахон Мадумаров ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор аз толори додгоҳ озод карда шудааст.

Муҳокимаи парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон”-ро рӯзи 2-юми сентябри соли 2023 нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карданд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфт, ки Мадумаров ба “хиёнат ба давлат” муттаҳам мешавад.

Убалиева тасдиқ кард, ки парванда ба санади қитъаи марзии Торт-Кочо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад.

Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 ин санадро имзо кардааст. Аммо Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро “сиёсӣ” номид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.