Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 27 март муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро ҳабс кард. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Матраимов то 26 апрели имсол дар ҳабс мемонад. Мурофиа пушти дарҳои баста баргузор шуд. Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии […]

centralasian.org

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 27 март муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро ҳабс кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Матраимов то 26 апрели имсол дар ҳабс мемонад. Мурофиа пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" гумонбар мешавад.

Вакили дифои Матраимов ва наздикони ӯ, ки дар додгоҳ ҳузур доштанд, аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд. Се бародари Матраимов – Руслан, Тилек ва Исломбек ҳам ба ҳабс гирифта шудаанд.

Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Матраимовро дар моҳи октябри соли 2020 ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.