Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”

Як ниҳоди ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар тағйир наёфта, танҳо чораҳои назоратӣ дар ҷойҳои серодам аз сӯи маъмурони амниятии Русия пурзӯр шудааст. Ин изҳорот дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус-Сити Ҳолл” дар Маскав даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳарчи бештар ба бегонаситезӣ рӯбарӯ […]

Як ниҳоди ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар тағйир наёфта, танҳо чораҳои назоратӣ дар ҷойҳои серодам аз сӯи маъмурони амниятии Русия пурзӯр шудааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус-Сити Ҳолл” дар Маскав даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳарчи бештар ба бегонаситезӣ рӯбарӯ шудаанд. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки чанд рӯз аст онҳоро боздошт менамоянд, болояшон фишор меоваранд, латукӯб мекунанд ва аз кор пеш мекунанд.

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми март бо нашри як изҳорот аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба маълумоти сохта ва беасос, ки ба гуфтаи онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона нашр мешаванд, бовар накунанд ва “маълумотро аз сомонаҳои расмии мақомотҳои Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар мутолиа кунанд”.

Ин ниҳоди ҷамъиятӣ гуфтааст, гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро барои анҷом додани амалҳои террористӣ шаҳрвандонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намуда истодаанд.

Онҳо аз тоҷикон даъват кардаанд, ки “аз чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд”.

Маълум нест, ки ин изҳорот бар пояи кадом оморе аст ё танҳо ҳарфи як шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, ки дар бозпурсии мақомоти Русия гуфт, барои ҳамла ба “Крокус” аз як нафар дар телеграм дастур гирифтааст.

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз тоҷикон даъват кардааст, ки ҳангоми фаъолият дар қаламрави Руссия, тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат ҳуҷҷатҳои худро таҳия намоянд.

Бояд гуфт, ки ин шӯро як ниҳоди машваратии ҷамъиятӣ буда, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъсис ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин тавсия шудааст, ки ба далели "вазъияти мушкил"-и феълӣ ва эҳтимоли сар задани муноқишаҳои қавмӣ шомгоҳон дар чорабиниҳои оммавӣ ширкат накунанд ва аз хона берун нашаванд.

 

Муносибат бадтар шудааст

Ин дар ҳоле, ки баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”, ки дар пайи он 140 нафар кушта ва беш аз 200 кас захмӣ шуданд, муносибати мардуми маҳаллӣ ва мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик бад шудааст.

Аз ҷумла, дирӯз, 27-уми март, кормандони хадамоти муҳоҷират ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия  дар анбори ширктаи “Wildberries” дар вилояти Маскав ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро тафтиш карданд. Дар ин бора ширкат дар портали худ барои фурӯшандагон хабар додаст.

Ба иттилои шабакаи телеграми “Baza”, шиносномаҳои кормандон, кортҳои муҳоҷират, иҷозаи иқомат, иқомати муваққатӣ ва билетҳои ҳарбии онҳо тафтиш карда мешаванд. Дар пайи он 21 кас дастгир шудаанд.

Ба навиштаи телеграм-канали “Mash”, ин санҷиш ҳудуди 5 ҳазор корманди ин ширкатро фаро гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар намекунанд.

Дар ин мавод шеваҳои дигари бадтар шудани муносибат бо муҳоҷирони тоҷикро дар сатҳи расмӣ ва сокинони маҳаллӣ мутолиа кунед.

 

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”. Шумораи кушташудагон зиёд шуд

Шоми 22-юми марти соли равон чанд дақиқа пеш аз оғози консерти гурӯҳи Пикник ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав чанд нафар бо силоҳ ворид шуда ба сӯи меҳмонон оташ кушода, биноро оташ заданд, ки дар натиҷа тибқи иттилои расмӣ 140 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 200 кас маҷруҳ шуданд.

Мақомоти Русия хабар доданд, ки дар пайи ин ҳамла 11 нафар, аз ҷумла 7 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон боздошт ва то моҳи май ба ҳабс гирифта шуданд. Дар бораи 8 нафар гумонбари боздоштшуда дар ин матлаб маълумот гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.