Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи Чораҳои иҷроиши маҷбуриро баррасӣ карданд.
Асосҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ кадомҳоянд?
Асосҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин мавҷуд будани ҳуҷҷати иҷро мебошанд.
Чораҳои иҷрои маҷбурӣ инҳо мебошанд:
1) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ:
– нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор;
– нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор;
– нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор;
– нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот ва дигар ҳуқуқҳои бегонашавандаи молу мулкии қарздор;
– муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар:
– иҷрои санади судӣ, ки қарздорро ба содир намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд;
– иҷрои санади судие, ки қарздорро ба худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд;
– иҷрои санади судӣ оид ба кашида гирифтан аз қарздор ва ба ситонанда супоридани ашёи муайян;
– иҷрои санади судӣ оид ба гирифта додани кӯдак;
– иҷрои санади судӣ ё қарори шахси мансабдор оид ба кӯчонидани қарздор;
– иҷрои санади судӣ оид ба маскун намудани ситонанда;
– иҷрои санади судӣ оид ба барқарор намудан ба кор.
Вазъи молу мулкии қарздор чӣ гуна муайян карда мешавад?
Барои муайян намудани вазъи молумулкии қарздор иҷрочии мақомоти иҷро аз мақомоту ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷиҳати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ, молу мулки манқул ва ғайриманқули ба расмият даровардашуда ва ё се соли охир бегонакарда, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкии ӯро дархост карда, маълумот мегирад.
Ҳангоми дастрас гардидани маълумот оид ба вазъи молу мулки қарздор, ки дар боло зикр гардидаанд, ҷиҳати иҷрои истеҳсолоти иҷро чораҳои иҷрои маҷбурӣ тибқи талаботи моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” татбиқ карда мешаванд.
Агар иҷрои маҷбурӣ ба пурра қонеъгардонии ситониш оварда нарасонад, иҷрочии мақомоти иҷро аз рӯи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси худ қарздорро даъват намуда, ӯро оид ба вазъи молумулкиаш мепурсад, ки дар ин бора протокол тартиб дода мешавад.
Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро ҷиҳати тартиб додани номгӯи молу мулкаш ӯҳдадор менамояд, агар дар рафти амали иҷро муайян карда нашавад, ки қарздор дорои дигар молу мулк мебошад.
Қарздор ӯҳдадор аст, дар номгӯи молу мулк асосҳо ва далелҳои исботкунандаи талаботи молумулкии ба ӯ тааллуқдоштаро нишон диҳад. Аз номгӯй инчунин бояд маълум гардад, ки муддати се соли охир қарздор кай ва ба кӣ барои ихтиёрдории ройгони молу мулки худ имконият фароҳам овардааст, агар ин ҳолат ба туҳфаҳои номунтазам иртибот надошта бошад.
Қарздор доир ба мукаммал ва ба ҳақиқат мутобиқ будани маълумоти пешниҳодшудаи ӯ оид ба вазъ ва номгӯи молу мулкаш, итминон медиҳад, ки он ба протокол ворид карда мешавад.
Қарздоре, ки тибқи қоидаи дар боло ишорашуда пурсида шудааст, дар асоси аризаи ситонанда ё бо ташаббуси иҷрочии мақомоти иҷро оид ба вазъи молу мулк бо баохиррасии се сол такроран пурсида мешавад. Пурсиши такрорӣ оид ба вазъи молу мулки қарздор то ба охиррасии се сол дар асоси аризаи ситонанда мумкин аст, агар ситонанда маълумоти асоснок пешниҳод намуда бошад, ки қарздор дар мӯҳлати баохиррасида молу мулк ба даст овардааст ё ба муносибатҳои нави меҳнатӣ ворид шудааст.
Ба пурсиш ҳозир нашудани қарздор, пешниҳод накардани номгӯи молу мулк ё оид ба дуруст будани маълумоташ итминон надодан, аз ҷониби ӯ иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро дониста шуда, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби суди маҳалли иҷро қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад пуррагӣ ва дурустии нишондодҳои қарздорро бо роҳи бадастории маълумоти дахлдор ё роҳи дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, санҷад.
Кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, дар асоси кадом қоидаҳо амалӣ карда мешавад?
Ҳангоми номаълум будани маҳалли истиқомати қарздор ё маҳалли нигоҳдории молу мулки ӯ тибқи талаботе, ки барои ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, инчунин мутобиқи талабот оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки бо осеб ё дигар шакл ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст ва ё талабот оид ба гирифта додани кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст кофтукови қарздор ё молу мулки ӯ ва кӯдакро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд.
Ба ғайр аз ин, иҷрочии мақомоти иҷро дар дигар ҳолатҳое, ки бо истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ ва интиқоли молу мулк вобаста мебошанд, дар асоси аризаи ситонанда нисбат ба қарздор ва молу мулки ӯ талаботи қоидаи болозикрро татбиқ менамояд.
Кофтуков дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ, ё маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст ва ё дар маҳалли истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) ситонанда эълон карда мешавад.
Ҳангоми ихтиёран ҳозир шудани қарздоре, ки нисбаташ кофтуков эълон гардидааст ва иҷро намудани талаботи пешбининамудаи истеҳсолоти иҷро ё тавассути шахси сеюм пешниҳод гардидани ҳуҷҷати расмии иҷрои ин талабот, (ба ғайр аз ҳолатҳои бо ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи қарздор ӯҳдадориҳое вогузор гардидааст, ки иҷрои он аз ҷониби дигар шахс имконнопазир мебошад) иҷрочии мақомоти иҷро метавонад эълони кофтукови қарздорро қатъ намояд.
Дар ҳолати дастгир гардидани қарздор ва аз иҷрои талаботи истеҳсолоти иҷро саркашӣ намудани ӯ, иҷрочии мақомоти иҷро бояд тибқи талаботи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳад.
Иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст, ки ҳангоми дарёфт гардидани молу мулки дар кофтуков қарордоштаи қарздор талаботи қонунро ҷиддан риоя намояд.
Дар бораи эълон намудани кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва ё кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, инчунин эълони қатъи кофтуков, иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намуда, нусхаи онро фавран барои иҷро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол менамояд.
Хароҷот оид ба кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва ё кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, ба хароҷоти зарурӣ оид ба содир намудани амалҳои иҷро дахл дошта, дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдор бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро бояд аз ҳисоби қарздор ба буҷети давлатӣ ситонида шавад.
Назорати иҷрои талаботи мазкур аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


