Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора

Капитани милитсия Раҳимзода Ф.С, ки аз як шаҳрванд дар ноҳияи Варзоб 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст, дар рӯи ҷиноят боздошт гардид, хабар медиҳад Агентии зиддифасоди Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, як шаҳрванд аз Агентӣ хостааст, нисбати таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб капитани милитсия Раҳимзода Ф.С. чораҳои қонунӣ андешида шавад. Капитани милитсия аз […]

Asia-Plus

Капитани милитсия Раҳимзода Ф.С, ки аз як шаҳрванд дар ноҳияи Варзоб 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст, дар рӯи ҷиноят боздошт гардид, хабар медиҳад Агентии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, як шаҳрванд аз Агентӣ хостааст, нисбати таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб капитани милитсия Раҳимзода Ф.С. чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Капитани милитсия аз шаҳрванд барои радди оғози парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолати садамаи нақлиётӣ 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, санаи 12 феврали соли 2024 Раҳимзода Ф.С. баъди дар утоқи кории худ аз С.Т. гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд”, – менависад Агентии зиддифасод.

Назари ин копитани милитсия ё адвокат ва ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нест.

Ҳоло вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Раҳимзода Ф.С. бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳият баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Бояд гуфт, ки бо гирифтани пора дастгир шудани кормандони милится бори аввал нест ва дар гузашта ҳам дар ин робита хабарҳо нашр шуда буданд.

Аз ҷумла, моҳи феврали имсол Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Абдураҳимзода Т.  ҳангоми гирифтани пора ба маблағи махсусан зиёд хабар дода буд.

Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии имсолаи “Шохиси коррупсия” дар байни 180 кишвар дар мақоми 162, яъне дар байни 20 давлати аз ҳама фасодзадаи сайёра ҷой гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио