spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ду сокини Исфара захмӣ шудааст. Тирпаронӣ то ҳанӯз идома дорад. Барқ дар Сомониён қатъ шудааст

Дар тирпароние, ки ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни Чоркуҳи Исфара давом дорад, ду сокини шаҳри Исфара захмӣ шудаанд. Дар ин бора як манбаъ аз Беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ду нафар аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шудаанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд.  

Манбаъ мегӯяд, ки мошини ёрии таъҷилӣ боз ба макони даргириҳо рафтааст, ки ҳанӯз маълум нест чанд нафари дигар захм бардоштааст.

Бархе сокинони деҳаи Сомониён ба "Азия-Плюс" дар тамосҳои телефонӣ гуфтанд, ки айни ҳол дар ин деҳа интиқоли барқ қатъ шудааст ва тирпарониҳо давом доранд. 

Тирпарониҳо дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан соати 19.30-и шоми имрӯз оғоз шудаанд.  Масъулони маҳалӣ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, дар рустои Сомониёни шаҳри Исфара, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарониро низомиёни қирғиз оғоз кардаанд.

Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти худашон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирии шоми имрӯз муттаҳам мекунанд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Фаврӣ. Тирпарронӣ дар марзи Исфара бо Қирғизистон. "Эвакуатсия"-и занону кӯдакони тоҷик

Ба гуфтаи манобеъ, аз рустои Сомониёни шаҳри Исфара занону кӯдакони тоҷикро ба ҷойи амн интиқол додаанд. 

“Дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ идома дорад. Нахуст низомиёни қирғиз ба тирпарронӣ шурӯъ карданд ва дар посух низомиёни тоҷик оташи ҷавобӣ кушоданд ва тирпарронии дутарафа оғоз шуд. Маҷрӯҳон ҳастанд, вале шумораи дақиқи онҳо маълум нест”, – гуфт ҳамсуҳбати мо аз Сомониён.

Гуфта мешавад раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, бо ҳамтои қирғизи худ гуфтушунид дорад.

«Сабаби даргирӣ сангпартоии шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён гуфта мешавад. Дар ҳоли ҳозир роҳи Исфара-Ӯш баста шудааст», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қиризии “24.kg” бо истинод ба хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки вазъ дар қитъаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон муташанниҷ аст ва марзбонони тоҷик якҷониба бахше аз роҳи Бодканд-Исфараро дар мавзеи Торт-Кочои вилояти Бодкандро бастаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...