Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ

Дар Тоҷикистон бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Чалишов Р.С. аз 29-уми декабри соли 2022 то лаҳзаи боздошт дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” фаъолият намуда, дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон А.О.С. […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Чалишов Р.С. аз 29-уми декабри соли 2022 то лаҳзаи боздошт дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” фаъолият намуда, дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон А.О.С. ва Р.Б.И. ба ҳайси адвокат иштирок варзидаааст.

Шаҳрвандони гумонбаршуда бо моддаҳои 130 (одамрабоӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам шуда, парвандаи онҳо дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад.

Агентии зиддифасод менависад, адвокат “аз ҳолати оҷизии наздикони судшавандагон моҳирона истифода бурда, аз онҳо бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ барои мусоидат кардан ҷиҳати аз тарафи суд нисбати зерҳимоягонаш кам таъин кардани муҳлати ҷазо маблағи 200 000 сомонӣ талаб намуд”.

“Хешовандони судшавандагон А.О.С. ва Р.Б.И. аз ноилоҷӣ ба талаби ғайриқонунии Чалишов Р.С. розӣ шуда, ба номбурда моҳи июли соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Душанбе маблағи 200 000 сомониро дастрас намуданд”, – омадааст дар хабар.

Афзуда мешавад, ки дар натиҷа Чалишов Р.С. баъди гирифтани ин миқдор маблағ ба манфиати зерҳимоягонаш ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард.

Назари худи вакили дифоъ ё пайвандону намояндагонаш маълум нест.

Ҳоло нисбати Чалишов Р.С. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парванда боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Тибқи ин модда адвокатро ба андозаи аз 1 ҳазору 460 то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё аз 8 то 12 сол зиндон интизор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.