“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд

Date:

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостааст, сайёҳони хориҷиву дохилиро ба минтақаи кӯҳистонии Саратоғи ноҳияи Айнӣ набаранд, зеро дар он ҷо эҳтимоли хуруҷи бемории хатарноки “тоун” ва сироятёбӣ ба он зиёд аст.

Ин дархости худро Кумитаи рушди сайёҳӣ 28-уми марти соли ҷорӣ, дар асоси хулосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо ирсоли як нома ба ширкатҳои сайёҳӣ, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” шуд, ироа кардааст.

Дар он нома зикр мешавад, ки “дар аввали асри гузашта дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бемории ниҳоят хавфноки “тоун” ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 250 аҳолии минтақаи мазкур фавтидаанд”.

“Тибқи хулосаи вазорат бо назардошти тағйирёбии иқлим бемории ниҳоят хавфноки “тоун” метавонад аз манбаъҳои нуҳуфтаи сироят кушода шуда, дар натиҷа сайёҳони дохилию хориҷӣ сироят ёбанд”, – гуфта мешавад дар мактуби Кумита.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти дастрасшуда, бемории тоун, ки аз хояндаҳо, ба мисли мушу калламуш ва ё суғур метавонад ба инсон гузарад, дар сурати таъхир дар муолиҷа инсонро зуд мекушад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...