Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард

Date:

Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон аз водии Рашти Тоҷикистон дидан карда, бо раисони ноҳияҳои Рашт ва Лахш мулоқот ва самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва имконоти рушдро баррасӣ кард. Дар ин бора сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфт, дар ҷараёни ин сафар, Мануэл Микаллер бо намояндаи минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон мулоқот карда, роҷеъ ба навъҳои офатҳои табиӣ дар ин водӣ маълумот пайдо кард. 

“Сафир Микаллер дар мулоқотҳои худ ба беҳбуди иқтисоди Тоҷикистон, идора кардани манбаъҳои табиӣ, сайёҳӣ, омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ва омӯзиш барои фароҳам овардани имконоти бештар барои мардуми водии Рашт ва ҳамаи Тоҷикистон таъкид кард”, – гуфт манбаъ.

Сафири ИМА инчунин бо донишҷӯёне, ки тавассути барномаи Сафорат “English Access Microscholarship Program” дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш забони англисиро меомӯзанд, мулоқот кард ва аз Маркази амрикоӣ дар Ғарм, ки барои ҷавонони минтақа барномаҳои ройгони таълимии синфӣ ва маҷозӣ пешкаш мекунад, боздид кард.

Дар идома ӯ бо кори кишоварзони таҳти ҳимояти USAID ва Бунёди Оғохон, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои боарзиш дар сардхонаҳо сармоягузорӣ мекунанд, шинос шуд. Ин шабакаи кишоварзон барои таблиғи себ ва нокҳои маъруфи водии Рашт талош мекунад.

Мануэл Микаллер дар сафар ба Рашт дар деҳаи Ҷарф бо боғбони шинохта Мирзошоҳ Акобиров вохӯрд ва аз боғи этноботаникии вай ва осорхонаи хусусиаш дидан намудааст.

Сафири МА дар поёни сафараш аз водии Камароб низ боздид карда, дар чорчубаи лоиҳаи USAID ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва Хадамоти хоҷагии ҷангали Амрико, дар Камароб дарахт шинонд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири ИМА дар Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафар кард ва аз мавзеи таърихии Панҷакенти қадим ва Саразм дидан кард. Амрико барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии мавзеи таърихии Панҷакенти куҳан 186 ҳазору 766 доллари ИМА ҷудо кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...