Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард

Амрико барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии мавзеи таърихии Панҷакенти куҳан 186 ҳазору 766 доллари ИМА ҷудо кардааст. Дар ин бора сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер зимни сафараш ба Панҷакент хабар дод. Манбаъ мегӯяд, ки ин маблағ дар чаҳорчӯби барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ (AFCP) ҷудо гардида, барои кашидани панҷарадевор дар гирди […]

Амрико барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии мавзеи таърихии Панҷакенти куҳан 186 ҳазору 766 доллари ИМА ҷудо кардааст. Дар ин бора сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер зимни сафараш ба Панҷакент хабар дод.

Манбаъ мегӯяд, ки ин маблағ дар чаҳорчӯби барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ (AFCP) ҷудо гардида, барои кашидани панҷарадевор дар гирди ёдгорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии чор сохтмони аслии Панҷакенти бостонӣ, тармими маъбади зардуштии асрҳои V-VIII, боқимондаи девори мудофиавии асри V, толори меҳмонпазироӣ бо номи Рустамномаи асрҳои VII-VIII, девори мудофиавӣ-манораи кунҷӣ – асрҳои V-VIII ва бехатарӣ ва ҳифзи мавзеъ бо гузоштани девори периметрӣ пешбинӣ шудааст.

“Бароям боиси ифтихор ва шараф аст, ки мо натиҷаи ҳамкориҳоямонро дар самти нигаҳдории шаҳри бостонии Панҷакент таҷлил мекунем. Барои Сафорати ИМА дастгирии барқарорсозии ин шаҳри бостонии Роҳи Абрешим яке аз пурмаънотарин роҳи ибрози эҳтиром ва қадрдонӣ ба таърих ва фарҳанги ғании Тоҷикистон аст”, – гуфтааст сафири ИМА дар Тоҷикистон.

Мануэл П. Микаллер зимни сафари худ ба шаҳри Панҷакент бо Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент мулоқот карда, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ ва имкониятҳои рушдро баррасӣ кардаанд.

Инчунин, Микаллер бо ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мулоқот карда, бо донишҷӯён сӯҳбат кардааст.

Дар идома, ӯ аз Маркази амрикоӣ дар шаҳри Панҷакент, шаҳраки бостонии Саразм ва оромгоҳ ва осорхонаи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд дидан карда, бо ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент мулоқот кардааст.

Бояд гуфт, ки аз соли 2001 инҷониб Хазинаи сафирони ИМА дар Тоҷикистон 17 лоиҳаро маблағгузорӣ намуда, барои нигаҳдории мероси фарҳангии кишвар қариб 800 000 доллар ҷудо кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.