Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад

Дар Тоҷикистон имсол бахшида ба таҷлили Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ дар назар нест ва баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” низ номаълум аст. Имсол ба муносибати таҷлили 79-солагии Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад. Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ имрӯз, 4-уми май, ба ОИ “Азия-Плюс” гуфт, “имсол гузашти ҳарбӣ баргузор намешавад”. Аммо ӯ сабаби баргузор нашудани ин […]

Шаҳноз Ализода, махсус барои "Asia-Plus"

Дар Тоҷикистон имсол бахшида ба таҷлили Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ дар назар нест ва баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” низ номаълум аст.

Имсол ба муносибати таҷлили 79-солагии Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ имрӯз, 4-уми май, ба ОИ “Азия-Плюс” гуфт, “имсол гузашти ҳарбӣ баргузор намешавад”. Аммо ӯ сабаби баргузор нашудани ин чорабиниро шарҳ надод.

Зикр бояд кард, ки гузашти ҳарбӣ дар Иди ғалаба як анъанаи маъмул дар кишварҳои шӯравии пешин ба ҳисоб мерафт, ки чанд соли охир камранг шуда, баъзе давлатҳо ҳатто аз баргузории он даст кашиданд.

Ҳамчунин, имсол баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” низ номаълум аст. Аз шаҳрдории Душанбе ба ОИ “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “то ҳол дар ин бора ба мо супорише нашудааст, агар давоми ҳафта баргузор шудани раҳпаймоӣ муайян шавад, иттилоъ хоҳем дод”.

Бояд гуфт, “Ҳанги ҷовидонӣ” раҳпоймоиест, ки дар он асосан пайвандони қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ бо аксҳои наздиконни аздастдоаашон иштирок мекунанд. Ин маърака дар Русия замина гузошта шуда, солҳои охир бештар хусусияти таблиғотӣ касб кардааст. Қаблан дар чандин кишварҳои шӯравии собиқ баргузор мешуд ва ҳоло аз баргузории он ҳам дар аксари ин кишварҳо даст кашидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.