Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ

Дирӯз, 3-юми май, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин дафтари матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин ниҳод, зимни вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ номаи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба унвони президенти Ҷумҳурии […]

Asia-Plus

Дирӯз, 3-юми май, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин дафтари матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, зимни вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ номаи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба унвони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоридааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки солҳои охир ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври назаррас сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла, чанде пеш Фонди Саудии рушд эълон кард, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн доллар қарз медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.