Қаҳвахона ва тарабхонаҳои писандидаи муҳоҷирон дар Маскав баста мешаванд

Date:

Сахттар шудани тафтиши хориҷиён дар Русия боис шудааст, ки баъзе аз зодагони Осиёи Марказӣ ба маконҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ошхонаҳо, нараванд.

Соҳибони баъзе аз қаҳвахонаву тарабхонаҳо гуфтанд, чунин вазъ ба тиҷорати онҳо зарба зад. Номи қаҳрамонҳо барои амнияти онҳо иваз карда шудааст.

Тавре ки Хадамоти ахбори Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, баъди ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл", дар канори Маскав, тафтиши қаҳвахонаву тарабхонаҳое, ки муҳоҷирон ба онҷо бештар мераванд, афзоиш ёфтааст. Баъзе аз чунин муассисаҳо бинобар зуд-зуд баргузор гардидани амалиёт маҷбур шудаанд, ки корро бас кунанд. Шумораи дақиқи ин гуна нуқтаҳои басташуда маълум нест.

Як муҳоҷир аз Ӯзбекистон бо номи мустаори Сардор гуфт: “Ҳоло бисёре аз тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо баста шудаанд. Пулис зуд-зуд тафтиш мекард. Намедонам, дар шаҳрҳои дигар чӣ гуна аст, вале дар Маскав 75 дарсади қаҳвахонаҳои хурду калон баста шудаанд.”

Сардор зодаи Ӯзбекистон буда, дар Маскав қаҳвахона дорад. Вай низ ночор корашро бас кард. Аксар муштариёнаш аз Осиёи Марказӣ буданд. Ба гуфтаи вай, пас аз ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскав фишор болои муштариён афзоиш ёфт ва шумораи онҳо зуд кам шуд.

“Тасаввур кунед, ки аз сад муштарӣ танҳо 50 нафар меояд. Хӯрок мемонад ва маҷбур онро мепартоед. Рӯзи дигар на панҷоҳ нафар, балки аллакай 25 нафар меоянд. Ҳамин тавр, мефаҳмед, ки маҷбур дари ошхонаро бандед,” – афзудаст ӯ.

МЕДИА (IFRAME)

Муҳоҷирони кишварҳои дигар низ эътироф мекунанд, ки афзоиши бегонаситезӣ ва амалиёти пулис дар Русия ба тиҷорати тарабхонаҳо зарбаи сахт расондааст.

Муҳоҷире бо номи мустаори Азамат мегӯяд: "Ҳоло ҳуҷҷати ҳамаро дар кӯчаву метро тафтиш мекунанд. Махсусан узбекҳо ва тоҷиконро боздошт мекунанд. Худи ман низ бо миллатгароӣ дучор шудам. Вақте ба мағоза барои харидани об даромадам, фурӯшанда зани рус буд ва ба ман хидмат расондан нахост. Гуфт, "Шумо террорист ҳастед".

"Дар чойхонаҳо амалиёт гузаронданд. Ҳар касе ҳуҷҷат надошт, ҷарима шуд. Пештар одамон бисёр буданд. Ҳоло хеле кам меоянд," – гуфт Аброр, соҳиби як қаҳвахона дар Маскав.

Тоҷири дигар афзуд: "Тоҷикон қаҳвахонаҳои зиёд доштанд. Барояшон душвор шуд, чунки ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекунанд ва фишор меоранд. Маҷбур шуданд, муассисаҳои худро бастанд."

Сардор пас аз бастани қаҳвахонааш дар Маскав ҳоло дар дӯкони гулфурӯшӣ кор мекунад. Вай тиҷоратро пурра бас накардааст. Баъзан ҳамроҳи тимаш зиёфатҳои сайёр ташкил мекунанд. Агар вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳтар шавад, боз дари қаҳвахонаро хоҳанд кушод.

Тибқи омори пулиси Маскав, то 10-уми апрели имсол дар пайи амалиёт беш аз 6 ҳазор қонуншиканӣ сабт шудааст. Садҳо муҳоҷирро аз хоки Русия берун мекунанд. Бархе ҷарима шуда, иддае дар боздошт ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...