Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод

Агентии рушди байнулмилалии KazAID-и Қазоқистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои таҳсили мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT-мутахассисон) дар доираи барномаи рушди сармояи инсонии «Tech Orda» аз Astana Hub 100 ваучер дод. Тавре ки дар сомонаи KazAID хабар дода мешавад, дар чаҳорчӯби Барнома иштироки фаъолонаи ҷавонон аз Тоҷикистон дар Барномаи «Tech Orda», ки ба таҳсили […]

Asia-Plus

Агентии рушди байнулмилалии KazAID-и Қазоқистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои таҳсили мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT-мутахассисон) дар доираи барномаи рушди сармояи инсонии «Tech Orda» аз Astana Hub 100 ваучер дод.

Тавре ки дар сомонаи KazAID хабар дода мешавад, дар чаҳорчӯби Барнома иштироки фаъолонаи ҷавонон аз Тоҷикистон дар Барномаи «Tech Orda», ки ба таҳсили IT-мутахассисон дар IT-мактабҳои пешрафтаи хусусӣ нигаронида шудааст, пешниҳод мешавад.

Пешниҳоди мазкур барои ҷавонони қобилиятноки тоҷик ҷиҳати истифодаи имконоти худ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо шумули таҳияи сомонаҳо, кибербехатарӣ, таҳияи барномаҳо дар Python, FullStack, C# ва Data Science шароити мусоид фароҳам оварда, ба онҳо ҷиҳати дарёфти малакаҳои муҳиму рӯзмарра дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ кумак мекунад.

“Қазоқистон дорои сатҳи баланди рақамисозӣ буда, омода аст, ки таҷрибаи пешрафтаи худро ба дигар кишварҳои минтақа омӯзонад”, – зикр кардаанд дар KazAID.

Ташаббуси мазкур қисмате аз кумаки расмӣ ба рушд ва дастгирии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба таҳкими муносибатҳои шарикӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.