Расман: Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 16-уми июн муқарар кард. Дар ин бора аз кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар доданд. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки санаи Ид имрӯз, 11-уми июн дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъин шуд. “Ҳамин тавр, Шурои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи […]

Asia-Plus

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 16-уми июн муқарар кард. Дар ин бора аз кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки санаи Ид имрӯз, 11-уми июн дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъин шуд.

“Ҳамин тавр, Шурои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон рӯзи 16-уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6:00 баргузор мегардад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. 

Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон истироҳат мебошад. Агар ид ба рӯзи истироҳатӣ афтад, рӯзи кории баъди он истироҳат мешавад. Ба ин тартиб, бо назардошти рӯзи истироҳатӣ будани 16-уми июн, рӯзи 17-уми июн ҳам истироҳат мешава ва ба ин тартиб шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард..

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.