Боздошти як корманди нозироти андози Ваҳдат барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора

Як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз як шаҳрванд дар ҷои ҳодиса дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон. Ин ниҳод, аз ӯ Ҳабибов З.К., мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ном бурдааст, ки аз моҳи октябри […]

Як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз як шаҳрванд дар ҷои ҳодиса дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ин ниҳод, аз ӯ Ҳабибов З.К., мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ном бурдааст, ки аз моҳи октябри соли 2023 дар ин мақом кор мекард.

Ӯ моҳи марти соли 2024 аз як шаҳрванд “барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ” 10 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, зимни гирифтани маблағҳо аз тарафи кормандони Оҷонсии зиддифасод дар ҷойи ҳодиса дастгир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло нисбати Ҳабибов барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор (моддаи 319 қисми 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ аз 262 ҳазор то 657 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-як нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи Ҳабибов, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.

Боздошти корманди нозироти андози Ваҳдат барои ришваситонӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан, низ як корманди дигари ин ниҳодро барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва боздошт карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.