Боздошти як корманди нозироти андози Ваҳдат бо гумони ришвахорӣ

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Ҷамшед Ғаффоров, як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми талаби пора дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ боздошт намудааст. Маркази матбуотии Оҷонсӣ дар шарҳи хабари боздошти ӯ навиштааст, ки мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович аз шаҳрванд “А” […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Ҷамшед Ғаффоров, як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми талаби пора дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ боздошт намудааст.

Маркази матбуотии Оҷонсӣ дар шарҳи хабари боздошти ӯ навиштааст, ки мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович аз шаҳрванд “А” барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки худи шаҳрванд “А” аз Оҷонсии зиддифасод хоҳиш кардааст, ки нисбати ин нозири андоз чораи қонунӣ андешида шавад.

– Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд, – навиштааст Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.

Нисбати Ҷамшед Ғаффоров бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, , бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол гардид.

Дар асоси ин модда ба Ғаффоров ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (233 ҳазору 600 то 584 ҳазор сомонӣ) ё то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳоли ҳозир назари Ғаффоров ва наздикони ӯ дар мавриди ин иттиҳом ба расонаҳо маълум нест.

Талаби 10 ҳазор сомонӣ барои қатъи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби як корманди мақомоти андоз дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ се моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.