Даргузашти Эмомуддин Аслзода, бародари вазири корҳои хориҷӣ ва раиси собиқи ноҳияи Темурмалик

Эмомуддин Аслзода, раиси собиқи ноҳияи Темурмалик ва бародари Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бар асари беморие, ки дошт дар синни 61-солагӣ даргузашт. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як сӯгнома хабар медиҳад.  Эмомуддин Аслзода номзади илмҳои техникӣ буд ва соли 2018 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд.  Як манбаъ […]

Эмомуддин Аслзода, раиси собиқи ноҳияи Темурмалик ва бародари Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бар асари беморие, ки дошт дар синни 61-солагӣ даргузашт. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як сӯгнома хабар медиҳад. 

Эмомуддин Аслзода номзади илмҳои техникӣ буд ва соли 2018 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд. 

Як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон гуфт, марҳум бо сабаби беморие, ки дошт, аз олам даргузашт. Ӯ машаххас нагуфт, ки бародари вазири корҳои хориҷӣ аз кадом беморӣ ранҷ мекашид.

Эмомуддин Аслзода то соли 2016 муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Моҳи декбари соли 2016 бо қарори ҳукумати кишвар аз вазифаи муовини вазири энерегетика озод ва  раиси ноҳияи Темурмалик таъин гардид. Ӯ дар ин мансаб то моҳи июли соли 2019 кор кард.

Рӯзи 22 июли соли 2019 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раисони 11 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик озод шуд.

Ҳарчанд дар фармони барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешуд, вале исми ӯ дар мансабҳои баланди давлатӣ дид нашуд.

Аслзода Эмомиддин Муҳриддин соли 1961 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии шаҳри Фарғонаи Узбекистон дар соли 1985 буд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, Аслзода Эмомиддин моҳи январи соли 2017 раисолаи илмии худро таҳти унвони «Хусусиятхои фаннӣ ва фановарии пармакунии чоҳҳои чуқур дар минтақаҳои азхудкунии қабатҳои намакдор (дар мисоли конҳои ковоки Афғонистону Точикистон)» дифоъ карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.