Тайи як шабонарӯз дар Тоҷикистон ду кӯдак ғарқ шуданд

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Онҳо назди дарё бе назорати калонсолон гузошта шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Бо вуҷуди чандин маротиба огоҳӣ ва тавсияҳои Кумита бобати назорати кӯдакон, бахусус назди дарёву кӯл ва обанборҳо, бархе аз шаҳрвандон ба онҳо хунукназарона рафтор менамоянд ва ин оқибат […]

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Онҳо назди дарё бе назорати калонсолон гузошта шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Бо вуҷуди чандин маротиба огоҳӣ ва тавсияҳои Кумита бобати назорати кӯдакон, бахусус назди дарёву кӯл ва обанборҳо, бархе аз шаҳрвандон ба онҳо хунукназарона рафтор менамоянд ва ин оқибат ба фоҷеаҳо боис мегардад”, – зикр мекунанд дар КҲФ.

Ба ин тариқ тибқи маълумоти манбаъ, субҳи 2 май ба навбатдори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон хабар расидааст, ки дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат сокини 10-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми таҷлили Иди Рамазон (идгардак) ба дарёи Вахш афтодааст.

“Ӯ аз дарё об нӯшиданӣ шуда, ба дарё меафтад ва маҷрои тези он зуд ӯро бо худ мебарад. Имдодгарони Раёсат то шом ҷасади ӯро ҷустуҷӯ карда, лекин дарёфт накарданд ва ҷустуҷӯи ҷасад то ҳол идома дорад”, – гуфт манбаъ.

Зикр шуд, ки ҳодисаи дуюм дар шаҳри Ҳисор рух дода, сокинони 6 ва 7-солаи ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор, ки дар хонаи бобояшон дар деҳаи Деҳқонобод дар меҳманӣ буданду аз болои Канали Калони Ҳисор тариқи қубур гузаштанӣ шуданд, аз болои он ба дарё меафтанд.

“Сокини маҳаллӣ Саид Бегов писарчаи 7-соларо наҷот дода, мутаассифона додари 6-солаи ӯ ғарқ мешавад ва ҷасадашро ҳоло наёфтаанд”, – илова карданд дар Кумита.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.