Эҳтиёт шавед! КҲФ боз аз хатари омадани сел огоҳ кард

Рӯзҳои 13 ва 14-уми июн дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли зиёди омадани сел вуҷуд дорад. Дар ин бора Қумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода ва аз сокинон тақозо дорад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва гиёҳҳои шифобахш худдорӣ кунанд. Кумита ҳамчунин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои 13 ва 14-уми июн дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли зиёди омадани сел вуҷуд дорад. Дар ин бора Қумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода ва аз сокинон тақозо дорад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва гиёҳҳои шифобахш худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

“Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд”, – гуфтааст КҲФ.

Ин ниҳод аз аҳолӣ даъват кардааст, ки дар ҳоли шоҳиди ягон ҳодисаи фавқулода шудан бо телефонҳои 112, 223 13 11: 221 91 19 ва ё 93 880 28 19 занг зада, кумакхоҳӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, кумита ёриҳои худро ба аҳолии минтақаҳои селзада дар ҳафтаи охирро идома медиҳад.

Аз ҷумла, рӯзи 10 июн кормандони КҲФ ба 290 хонаводаи ноҳияи Варзоб, ки аз сел осеб дидаанд, кумак расондаанд.

“Кормандони Кумита бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳаббҳо барои безараргардонии оби нӯшокиро расонданд, ки дар ҳузури комиссияи ноҳиявӣ бо роҳбарии раисони деҳоту ҷамоатҳо тақсим карда шуданд”, – менависад манбаъ.

Имсол моҳи июн дар саросари кишвар миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда, ҳамчунин баъзан пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти шадиди борон ва омадани селу ярч дар кишвар дар моҳи май ҳаҷми зарар зиёда аз 44 млн сомониро ташкил дод.

КҲФ гуфт, дар натиҷа, 25 манзил осеб дида, 15 хонна пурра вайрон шуданд.

Ғайр аз ин, аз офатҳои табиӣ бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 км хатҳои интиқоли барқ, 0,8 км хатҳои алоқа, 87,7 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 92,6 км хатҳои обрасонӣ ва наҳрҳо (каналҳо), 14,7 км селпартоҳо, 2 км шабакаҳои обрасон ва обу корез, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ ва 1076 га заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 137 сар чорвои шохдори калон, 501 сар чорвои майда, 62 паранда, 160 оилаи занбӯрҳо нобуд шуда, ба 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.