Дар Душанбе шабакаи нуқтаҳои барқдиҳанда барои электромобилҳо фаъол шуданд

Дар доираи лоиҳаи махсуси Smart City дар Душанбе 70 адад дастгоҳҳои барқдиҳанда фаъол шуданд, ки дар як вақт метавонанд ба 140 воситаи нақлиёт нерӯ бидиҳанд. Дастгоҳҳои барқдиҳанда аз 60 то 120 киловатт/соат нерӯ медиҳанд. Яъне электромобили дорои батареяи 40-киловатта тақрибан дар 40 дақиқа бо барқ пурра таъмин мешавад. Макони ҷойгиршавии нуқтаҳои барқдиҳии холиро метавонед дар […]

Asia-Plus

Дар доираи лоиҳаи махсуси Smart City дар Душанбе 70 адад дастгоҳҳои барқдиҳанда фаъол шуданд, ки дар як вақт метавонанд ба 140 воситаи нақлиёт нерӯ бидиҳанд.

Дастгоҳҳои барқдиҳанда аз 60 то 120 киловатт/соат нерӯ медиҳанд. Яъне электромобили дорои батареяи 40-киловатта тақрибан дар 40 дақиқа бо барқ пурра таъмин мешавад.

Макони ҷойгиршавии нуқтаҳои барқдиҳии холиро метавонед дар сомонаи https://neru.dc.tj/ дарёфт кунед ва бо истифода аз харита ва навигатор то он макон расед.

Ҳамагӣ тибқи нақша дар пойтахт бояд беш аз 500 адад нуқтаи барқдиҳандаи гуногуншиддат насб карда шаванд.

Дар куҷоҳо ва чӣ гуна шумо метавонед нақлиёти худро бо нерӯ пур кунед, дар гузориши зерин бубинед!

Тарзи истифодаи нуқтаҳои барқдиҳанда:

Воситаи нақлиёти электрикиро дар таваққуфгоҳ ҷойгир карда коннекторро ба мошини худ пайваст кунед. Ба ҳамёни мобилии DC Next ворид шуда, рамзи QR-и дастгоҳро скан намоед. Ин амалиётро метавон ҳамчунин бо интихоби бахши махсус дар ҳамёни худ анҷом дод. Пешпардохтро дар ҳаҷми 100 сомонӣ пардохт намоед.

Баъди итмоми раванди барқтаъминкунӣ воситаи нақлиёти худро аз таваққуфгоҳ бароред.

Бақияи пешпардохт дар давоми 5 дақиқа пас аз итмоми барқтаъминкунӣ ба ҳамёни мобилии шаҳрванд бармегардад. Ронанда ҳамчунин имконият дорад, ки дилхоҳ вақт раванди барқтаъминкуниро тариқи ҳамёни мобилии худ қатъ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?