Субҳон Ҷалилов мудири барномаҳои радиои “Азия – Плюс” шуд

Date:

Субҳон Ҷалилов, журналист ва ровии маъруф мудири барномаҳои радиои “Азия‑Плюс” таъин шуд. Ӯро соли 2022 ба радиои “Азия‑Плюс” ба кор даъват карданд ва дар аввал ток‑шоуи тоҷикии “Рости гап”‑ро, ки фарогири масъалаҳои доғи рӯз буд, гардон мекард.

Ӯ дар сӯҳбат қайд намуд, ки ният дорад, сатҳу сифати барномаҳои радиои “Азия‑Плюс”‑ ро боз ҳам беҳтар намояд ва барномаву лоиҳаҳои наву ҷолибро бо забони тоҷикӣ ба шунавандагон пешниҳод кунад.

“Пеш аз ҳама барои боварӣ ба тими гурӯҳи расонаҳои “Азия‑Плюс” изҳори миннатдорӣ менамоям. Мо ният дорем аз ин ба баъд барномаҳои муфидро бештар намоем, масалан айни ҳол барномаи “Ҳуқуқи ман”‑ ро таҳия карда истодаем, ки фарогири масъалаҳои ҳуқуқӣ аст. Дар оянда ҳамроҳи тими қавии радиои “Азия‑Плюс” барои боз ҳам беҳтару шавқовартар гардидани барномаҳо корҳои судманд ба анҷом мерасонем”, ‑ гуфт Субҳон Ҷалилов.

Айни ҳол ӯ барномаи мустақими “Имкон”, бахшҳои “Ҳикмати рӯз”, “Қурби асъор”, барномаи “Ҳуқуқи ман” ва лоиҳаи ҷадиди “Аудиокитоб”-ро таҳия ва гардонандагӣ мекунад.  Лоиҳаи  “Аудиокитоб” як ҳафта пеш оғоз гардида, дар доираи он аллакай силсилаи ҳикоёти ҷолиби “Маснавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамарӯза соати 5:00 субҳ ва 21:00 шаб тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Манижа Анварӣ

Манижа Анварӣ, директори радиои “Азия‑Плюс” ва директори иҷроияи Гурӯҳи расонаҳои “Азия‑Плюс” дар сӯҳбат иброз намуд, ки Субҳон Ҷалилов таҷрибаи калон дар самти радио ва диди тоза дорад, ба ҳамин хотир барои бештар кардани барномаҳои ҷолибу шуниданӣ бо забони тоҷикӣ дар радиои “Азия‑Плюс” ӯро ба кор даъват карданд.

“Умедворем замони мудирияти Субҳон Ҷалилов барномаҳои ҷолиб дар радиои “Азия‑Плюс” боз ҳам бештар мешаванд. Ӯ баъди ба кор шурӯъ кардан барномаҳои ҷолибу шуниданиро бо забони тоҷикӣ таҳия ва барандагӣ мекунад. Инчунин яке аз муаллифон ва ровии лоиҳаи деринтизори “Аудиокитоб” аст”,‑ гуфт Манижа Анварӣ.

Бояд гуфт, ки Субҳон Ҷалилов яке аз журналистони шинохтаи Тоҷикистон аст, ки бештар дар самти радио фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчунин дар телевизион барномаи “Интелект-шоу”-ро роҳандозӣ кардааст. Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, нишонҳои “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва “Аълочии ТВ ва Радиои Тоҷикистон” ва барандаи Ҷоизаи Шӯрои ВАО ‑ Тоҷикистон “Эътимод” мебошад. Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои “61 алами бемодарӣ” ва “Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин” аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...