Аввалин медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои “Кӯдакони Осиё”

Бозиҳои “Кӯдакони Осиё” рӯзи 26 июн дар Якутск (Русия) оғоз гардида, 7 июл ба анҷом мерасанд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 2 ҳазор варзишгарон иштирок мекунанд. Мусобиқаҳои Бозиҳои VIII “Кӯдакони Осиё” дар 16 иншооти Якутск аз рӯи 24 навъи варзиш баргузор мешаванд. Медали нахустинро дар ҳайати Тоҷикистон Идрис Баҳромов дар вазни 57 кг дар гӯштини […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Бозиҳои “Кӯдакони Осиё” рӯзи 26 июн дар Якутск (Русия) оғоз гардида, 7 июл ба анҷом мерасанд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 2 ҳазор варзишгарон иштирок мекунанд.

Мусобиқаҳои Бозиҳои VIII “Кӯдакони Осиё” дар 16 иншооти Якутск аз рӯи 24 навъи варзиш баргузор мешаванд.

Медали нахустинро дар ҳайати Тоҷикистон Идрис Баҳромов дар вазни 57 кг дар гӯштини тарзи озод ба даст овард. Ҳамчунин дигар намояндагони ҷумҳурӣ дар ин навъи варзиш Умар Раҳимов (вазни 52 кг) ва Абдулмукит Набиев (вазни 68 кг) ба дарёфти медалҳои нуқраи ин мусобиқа шарафёб гардиданд.

Ба ин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои панҷ рӯзи мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон 3 медал ба даст оварда, дар зинаи 15-ум қарор дорад.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои VIII “Кӯдакони Осиё” 19 варзишгар намояндагӣ намуда, онҳо дар 5 навъи варзиш: камонварӣ, гимнастикаи бадеӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонию румӣ ва самбо рақобат мекунанд.

Мусобиқаи “Кӯдакони Осиё” шурӯъ аз соли 1996 ҳар чор сол 1 маротиба гузаронида мешаванд. Дар ин муддат дар ин Бозиҳо зиёда аз 7 ҳазор варзишгарони ҷавон аз 30 кишвари саросари дунё ширкат варзида, бисёре аз онҳо минаъд ба ҷоизаҳои мусобиқаҳои ҷаҳониву олимпӣ соҳиб шуданд.   

Имсол аз 25 кишвари зерин варзишгарон ва меҳмонон ба Якутск омаданд: Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Гурҷистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Кореяи Шимолӣ, Чин, Қирғизистон, Лаос, Лубнон, Муғулистон, Фаластин, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Таиланд, Тайбэйи Чин ва Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.