Паҳлавони тоҷик Мустафо Аҳмадов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё шуд

Паҳлавони тоҷик Мустафо Аҳмадов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Амман (Урдун) медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш бар Нодирҷон Раҳимов (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 8-4 ва Қанат Каримбеков (Қирғизистон) бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуда, ба финал баромад. Мустафо Аҳмадов дар бозии ниҳоӣ аз паҳлавони Ҳиндустон Абхиман бо ҳисоби 6-2 шикаст хӯрд […]

Asia-Plus

Паҳлавони тоҷик Мустафо Аҳмадов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Амман (Урдун) медали нуқра ба даст овард.

Ӯ дар нахустин қувваозмоияш бар Нодирҷон Раҳимов (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 8-4 ва Қанат Каримбеков (Қирғизистон) бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуда, ба финал баромад.

Мустафо Аҳмадов дар бозии ниҳоӣ аз паҳлавони Ҳиндустон Абхиман бо ҳисоби 6-2 шикаст хӯрд ва дар сабқати то 23-солаҳо дар вазни то 70 кг мақоми дувумро касб кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ ва озод миёни писарони то 17-сола ва наврасони то 23-сола баргузор шуд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 17 ва то 23-сола 471 гуштигир аз 20 кишвар ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Ғафуров, Нодирҷон Сангов, Аслам Азизов, Алишер Рӯзимадов, Муҳаммад Султонзода дар гуштии юнониву румӣ ва Шерхон Юнусов, Ёқубҷон Ибронов, Алиризо Баҳромов ва Мустафо Аҳмадов дар гуштии озод рақобат карданд.

Зимнан, Аҳмадов соли чорум аст, ки дар Чемпионати Осиё медал мегирад.

Дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё то 17 ва то 23-сола дар Бишкек Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кг барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар чемпионати соли 2022 дар Қирғизистон низ медали биринҷӣ ва дар чемпионати соли 2021 дар Қазоқистон медали нуқра гирифт.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавононик Точикистон имсол боз се ҷои сеюмро низ сохиб шуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад Ғафуров дар ин мусобиқот миёни писарони то 17-сола дар вазни 45 кг ва Муҳаммад Султонзода дар вазни 80 кг барандаи медали биринҷӣ шуданд ва Алиризо Баҳромов миёни наврасон дар вазни 71 кг медали биринҷӣ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.