Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдори баландпояи Швейтсария мулоқот кард

Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мансабдори баландпояи Швейтсарияро ба ҳузур пазируфт, менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Ба гуфтаи манбаъ, сарвари давлат бо вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, вазири федералии молия Карин Келлер -Зуттер ва раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқот кардааст. Гуфта мешавад, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария […]

Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мансабдори баландпояи Швейтсарияро ба ҳузур пазируфт, менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Ба гуфтаи манбаъ, сарвари давлат бо вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, вазири федералии молия Карин Келлер -Зуттер ва раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.

“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш номида шуд.

Ҷалби сармояи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, фармасевтика, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рақамикунонии иқтисодиёт зарур шумурда шуд.

Манбаъ менависад, ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин перомуни роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои дигари судовар, аз ҷумла сайёҳӣ, равобити зичи фарҳангиву башарӣ ва илму маориф табодули афкор намудаанд.

Аз ҳамоҳангиҳои доимӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ перомуни масъалаҳои калидии замони муосир изҳори қаноатмандӣ карда шуда, дастгирии доимии Швейтсария дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таъкид гардидааст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ муҳокима карда шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.