Тоҷикистон бо Испания ва Ҳолланд бозӣ мекунад

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо мунтахабҳои Испания ва Ҳолланд дар Душанбе бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсия футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин бозиҳо моҳи сентябри соли равон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳони футзал – 2024 гузаронида мешаванд. Шогирдони Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр бо […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо мунтахабҳои Испания ва Ҳолланд дар Душанбе бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсия футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин бозиҳо моҳи сентябри соли равон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳони футзал – 2024 гузаронида мешаванд.

Шогирдони Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр бо тими миллии футзали Испания ва 8-уми сентябр бо тими миллии футзали Ҳолланд вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Бозиҳои дӯстона дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и Душанбе доир хоҳанд шуд.

Дар чаҳорчӯби ҳамин рақобатҳои дӯстона рӯзи 7-уми сентябр дар Душанбе мунтахабҳои Испания ва Ҳолланд ҳам як рақобат байни ҳам анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол тими миллии футзали Тоҷикистон барои аввалин бор ба Ҷоми ҷаҳони футзал роҳхат гирифт. Даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбакистон – Бухоро, Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.

Тоҷикистон дар доираи бозиҳои гурӯҳӣ рӯзи 16-уми сентябр бо Марокаш, 19-уми сентябр бо Пуртуғол ва 22-юми сентябр бо Панама дидор анҷом медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.