Русия барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон маркази таълимӣ таъсис медиҳад

Date:

Русия ба тасдиқи созишнома дар бораи таъсиси маркази байнулмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Ин лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир шудааст.

Дар шарҳи он гуфта мешавад,  марказ таълимро бо барномаҳои асосӣ ва иловагии мактабӣ, ки ба меъёрҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҷавобгӯянд, пешниҳод мекунад. Фаъолияти марказ таҳти сарпарастии Вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар, инчунин Фонди таълимии “Талант и успех” ба роҳ монда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сохтмони маркази байнулмилалӣ барои кӯдакони лаёқатмад дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расида буд. Ҷаласа нимаи моҳи декабри соли гузашта дар Маскав баргузор шуда буд.

Он замон зикр гардида буд, ки тасдиқи созишнома ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки марказ соли 2027 ба кор оғоз намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...