Русия барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон маркази таълимӣ таъсис медиҳад

Русия ба тасдиқи созишнома дар бораи таъсиси маркази байнулмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Ин лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир шудааст. Дар шарҳи он гуфта мешавад,  марказ таълимро бо барномаҳои асосӣ ва иловагии мактабӣ, ки ба меъёрҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҷавобгӯянд, пешниҳод мекунад. Фаъолияти марказ таҳти сарпарастии […]

Русия ба тасдиқи созишнома дар бораи таъсиси маркази байнулмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Ин лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир шудааст.

Дар шарҳи он гуфта мешавад,  марказ таълимро бо барномаҳои асосӣ ва иловагии мактабӣ, ки ба меъёрҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҷавобгӯянд, пешниҳод мекунад. Фаъолияти марказ таҳти сарпарастии Вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар, инчунин Фонди таълимии “Талант и успех” ба роҳ монда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сохтмони маркази байнулмилалӣ барои кӯдакони лаёқатмад дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расида буд. Ҷаласа нимаи моҳи декабри соли гузашта дар Маскав баргузор шуда буд.

Он замон зикр гардида буд, ки тасдиқи созишнома ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки марказ соли 2027 ба кор оғоз намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.