Барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ҷиҳати хотимаи эпидемияи БПНМ то соли 2030 дар Тоҷикистон иқдомоти фаврӣ зарур аст.

Ҷаҳони имрӯза дар марҳалаи муҳими мубориза бо БПНМ ва ҳадафи то соли 2030 аз байн бурдани БПНМ ҳамчун таҳдиди саломатии ҷомеа қарор дорад. Дар соли 2023 ҷаҳон ба якчанд комёбиҳои назаррас ноил шуд: аз охири солҳои 1980-ум, пасттарин шумораи  нафарони мубталои ВНМО ба қайд гирифта шуд ва тақрибан 31 миллион нафар табобати наҷотбахши зиддиретровирусии гирифтанд. […]

Парватӣ Рамасвамӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Ҷаҳони имрӯза дар марҳалаи муҳими мубориза бо БПНМ ва ҳадафи то соли 2030 аз байн бурдани БПНМ ҳамчун таҳдиди саломатии ҷомеа қарор дорад. Дар соли 2023 ҷаҳон ба якчанд комёбиҳои назаррас ноил шуд: аз охири солҳои 1980-ум, пасттарин шумораи  нафарони мубталои ВНМО ба қайд гирифта шуд ва тақрибан 31 миллион нафар табобати наҷотбахши зиддиретровирусии гирифтанд. Ба шарофати ин пешравиҳо, фавти БПНМ аз соли 2004 то ба пасттарин сатҳи худ расид. Бо вуҷуди ин пешрафт, нобаробарӣ, ки боиси паҳншавии ВНМО мегардад, боқӣ мондааст ва тақрибан чоряки одамони гирифтори ВНМО ба муолиҷаи наҷотбахши ҳаёт дастрасӣ надоранд. Дар натиҷа, ҳар дақиқа як нафар аз бемории БПНМ мефавтад.

Омилҳои асосии паҳншавии пандемияи ВНМО нобаробарии амиқ, тамға, табъиз ва дастрасии нокифоя ба хадамоти пешгирӣ ва табобати ВНМО мебошанд. Дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ вокуниш ба ВНМО ба таъхир афтодааст. Мувофиқи Гузориши ЮНЭЙДС «Таъхирнопазирии интихоб: вокуниш ба БПНМ дар чорроҳа», дар минтақа аз соли 2010 то инҷониб 20% афзоиши сироятҳои нави ВНМО ва 34% афзоиши фавти марбут ба БПНМ ба қайд гирифта шудааст. Аз 2,1 миллион нафаре, ки мубталои ВНМО ҳастанд, танҳо нисфи онҳо табобат мегиранд ва танҳо 42% сарбории вирусии рафъшуда доранд, ки ин пасттарин нишондод дар ҷаҳон мебошад.

Дар Тоҷикистон низ, ҳарчанд аломатҳои эътидоли эпидемия мушоҳида шуда,  аз соли 2021 ҳамасола тақрибан 1000 ҳолати нав ба қайд гирифта мешаванд. Дар қатори омилҳои мусоидаткунанда нобаробарии густурда, тамғагузорӣ, табъиз ва ҷиноят донистани интиқоли ВНМО мебошанд. Зиёда аз 71% мардону занони синни 15-49 сола нисбат ба шахсони гирифтори ВНМО муносибати манфии худро баён мекунанд, ки ин бо назардошти коҳиши  огоҳнокӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ ва интиқоли ВНМО/БПНМ дар байни ҷавонони 15-24 сола – аз 53,6% дар соли 2015 то 14,9% дар соли 2021 боиси изтироб аст.

Ин мушкилот барои саломатии ҷомеъа ва некӯаҳволии иҷтимоӣ оқибатҳои вазнин доранд. Дар натиҷа, афроди мубталои ВНМО дар Тоҷикистон аз кумаки пизишкӣ худдорӣ мекунанд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Ҷиноят донистани хавфи интиқоли ВНМО, ки инъикоси хуруфот ва дониши кӯҳнагашта дар бораи вирус мебошад, тамға ва табъизро боз ҳам тақвият медиҳад. То ҳол, парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба хавфи интиқоли ВНМО оғоз мешаванд ва мутаассифона, солҳои пеш қисми зиёди маҳкумшудагонро занон ташкил медоданд.

Дар саросари ҷаҳон қонунҳо ва сиёсатҳои маҳдудкунанда одамонро аз ёрии тиббй дур карда, вокунишро ба ВНМО-ро  заиф менамояд.

Роҳҳои барҳам додани эпидемия аён ҳастанд:

– Идомаи ислоҳот ва такмили қонунҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва аз байн бурдани монеаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва кафолати дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳо вобаста ба  ВНМО, ки аз тамға, табъиз ва тарс озод мебошанд.

– Сармоя барои мубориза бо ВНМО, махсусан барои татбиқи барномаҳои мақсадноки пешгирикунанда дар байни гурӯҳҳои зери хатар, аз ҷумла аҳолии осебпазир ва занон афзоиш карда шавад.

– Барои баланд бардоштани самараи барномаҳои пешгирӣ ва фаро гирифтани онҳое, ки дар канор мондаанд, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ тақвият дода шавад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо пешниҳоди таҷриба ва маълумоти беназир фарогирии барномаҳоро бештар мегардонанд ва онҳоро самаранок татбиқ мекунанд, то ки ҳеҷ кас дар канор намонад.

– Мушкилоти ташвишоварандаи паст шудани огоҳнокиро вобаста ба ВНМО/БПНМ, хусусан байни ҷавононро, тавассути татбиқи барномаҳои таълимӣ ва иттилоотӣ ҳаллу фасл карда шавад.

– Мубориза бо зӯроварӣ ва табъизи гендерӣ, муқовимат ба меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва дастрасии ҷавондухтарон ва занон ба хизматрасонии тиббӣ, идома гардад.

Барои татбиқи пурраи санадхои меъерии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва пешгирии табъиз», Стратегияи миллӣ ва нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, инчунин Қарори Пленуми Суди Олӣ оид ба татбиқи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида шаванд.  Масъалаҳои мазкур бояд дар мадди аввал гузошта шуда, кафолат дода шавад, ки ҳар як шахс бидуни тарси доғ, табъиз ва ҷазо ба хизматрасониҳои ВНМО дастрасӣ пайдо кунад.

Бо андешидани ин иқдомҳо, Тоҷикистон бо роҳи ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони худ, метавонад эпидемияро дар кишвар боз дорад ва саҳми худро ба  талошҳои ҷаҳонӣ баҳри то соли 2030 аз байн бурдани БПНМ, ҳамчун хатари саломатии ҷомеа ва наҷоти миллионҳо нафар, гузорад.

Роҳи ҳалли мушкилот  аён аст,  аммо ҷаҳон дар чорроҳа қарор дорад. Вакти он расидааст, ки роҳбарони пешсафи ҷаҳон далерӣ нишон дода, роҳи пирузиро пеш гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.