Муҳаммадҷон дар Маскав тифлеро наҷот дод. Кумитаи тафтишот тоҷик будани ӯро пинҳон кард

Як ҷавони тоҷик дар Маскав тифли навзодро аз дасти  марди рабоянда наҷот дод. Муҳаммадҷон Обидов, ҷавоне аз Тоҷикистон, ки барои ширкати “Яндекс Лавка” ҳамчун борбар ё курер кор мекунад, рӯзи 24-уми июл ҳам кӯдакро наҷот дод ва ҳам марди рабояндаро аз по афтонд. Дар бораи ин ҳодиса ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "кӯдакрабоӣ" […]

centralasian.org

Як ҷавони тоҷик дар Маскав тифли навзодро аз дасти  марди рабоянда наҷот дод. Муҳаммадҷон Обидов, ҷавоне аз Тоҷикистон, ки барои ширкати “Яндекс Лавка” ҳамчун борбар ё курер кор мекунад, рӯзи 24-уми июл ҳам кӯдакро наҷот дод ва ҳам марди рабояндаро аз по афтонд.

Дар бораи ин ҳодиса ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "кӯдакрабоӣ" Кумитаи тафтишоти Русия ҳам хабар дод, вале дақиқ нагуфт, ки наҷотдиҳандаи тифл як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аст. Ин сохтори қудратӣ дар Русия бо саркӯбу таъқиби бераҳмонаи муҳоҷирон ва ташаббусҳои маҳдудкунандаи зиёде дар нисбати коргарони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ маъруф аст. Дар хабари Кумитаи тафтишот Муҳаммадҷони наҷотдиҳандаи кӯдак танҳо "як шоҳиди ҳодиса" номида шудааст.

Вале ба ин ҳодиса чанд расонаи дигар, аз ҷумла Mash таваҷҷӯҳ карда, мусоҳибаи кӯтоҳи Муҳаммадҷон Обидовро ҳам нашр намуданд.

Ҳодиса дар як боғе дар Маскав рух додааст. Марди 27-солаи рус бо номи Алексей К. аз дасти модаре, ки бо кӯдакаш дар хараке нишаста буд, тифлро гирифта фирор намуд. Муҳаммадҷон, ки ҳамин лаҳзаҳо бо дучархааш ба боғ наздик мешуд, зуд мардро таъқиб кард. Ӯ баъди ин ҳодиса дар сӯҳбати видеоӣ ба Mash гуфт, ки аз паи мард давид, ӯ тифлро ба замин партофт, Муҳаммадҷон кӯдакро бардошта ба модараш доду боз мардро таъқиб карда аз по афтонд ва ӯро ду шатта ҳам зад.

“Агар боз чунин ҳодиса рӯй диҳад, ҳатман кӯмак хоҳам кард”,-гуфт Обидов дар ин мусоҳибааш.

Ба қавли ӯ, марди кӯдакдузд вақте ба замин афтод, гуфт, “ман дигар намекунам”. Бархе расонаҳо навиштанд, ки ин мард эҳтимолан таҳти таъсири машрубот ё маводи мухаддир буд, чун рафтораш ғайримаъмулӣ будааст.

Баъди ин ҳодиса духтари зан омада ба Муҳаммадҷон ташаккур кард ва онҳо полис ва ёрии таъҷилиро даъват карданд. Кӯдак вақти ба замин афтоданаш аз ноҳияи сар ва қафаси синааш осеб дидааст.

Чанд расона бо такя ба тафтишот навишт, ки кӯдакдузд дар гузашта аз рӯи моддаҳои “қаллобӣ” ва “вайрон кардани қоидаи роҳ, ки боиси зарари сангин ба саломатии инсон шудааст”, суд шудааст.

Ин қазияро додситонии Маскав таҳти назорат гирифтааст.

Ширкати “Яндекс Лавка” ба расонаҳо гуфтааст, ки барои чунин кори шоистаи Муҳаммадҷон ҳатман ба ӯ ҷоиза тақдим мекунад, вале нагуфт, ки чӣ ҷоиза.

Ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде эҷод кардааст ва онҳое, ки аз корнамоии Муҳаммадҷон ситоиш кардаанд, таъкид мекунанд, ки ӯ як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аст. Дар ҳоле, ки дар Русия ҳоло матбуоту сохторҳои давлатӣ талош доранд муҳоҷиронро сиёҳ ва аз онҳо симои афроди манфӣ ва хатарнок барои ҷомеаи Русияро эҷод кунанд, бисёр шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, як ҷавони тоҷик натарсона ба як ҷинояткор муқовимат кард ва ҷони як тифли бегуноҳро наҷот дод. Дар муқобил бархе навиштаанд, ки як муҳоҷир наметавонад аз тамоми дигар муҳоҷирони “бад” намояндагӣ кунад.

Баъди ҳамла ба “Крокус”, ки дар он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳгор шуданд, дар Русия маъракаи сартосарии саркӯб, ҳабсу ихроҷ ва маҳдудкунии шароити будубоши муҳоҷирон ҷараён дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.