Куштор дар соли 1993. Ҷустуҷӯи муттаҳам ба қатли директор ва оилаи ӯ дар Дӯстӣ идома дорад

Додситони вилояти Хатлон ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст, ки як муттаҳам ба куштори директори мактаб ва оилаи ӯ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 1993-ро пайдо ва боздошт намоянд. Ду муттаҳами дигар чанде пештар боздошту барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд. Авазҷон Назарзода, додситони вилояти Хатлон 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои пайдо ва […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додситони вилояти Хатлон ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст, ки як муттаҳам ба куштори директори мактаб ва оилаи ӯ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 1993-ро пайдо ва боздошт намоянд. Ду муттаҳами дигар чанде пештар боздошту барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.

Авазҷон Назарзода, додситони вилояти Хатлон 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои пайдо ва боздошт кардани охирин муттаҳам ба қатли директори мактаб дар ноҳияи Дӯстӣ ва оилаи ӯ дар соли 1993 ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст.

Мирзо Одинаев, директори мактаби №11-и ноҳияи Дӯстӣ ва зану се фарзанди ноболиғаш 20-уми марти соли 1993 кушта шуданд. Бо гузашти 31 сол, 10-уми июни соли 2024 додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Дӯстӣ – Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаевро барои ин куштор муттаҳам донист ва ҳардуро ба муҳлати 15 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.  Вале Ортиқ Файзуллоев, нафари сеюм, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад, то ҳол боздошт нашудааст.

Зимни муҳокимаи додгоҳӣ таъкид гардидааст, ки Одинаев ва оилаи ӯро Зайниддин Баходиев, Абдураҳмон Тағаев ва Ортиқ Файзуллоев бо маслиҳати пешакӣ ба лаби заҳбур бурда, ба хотири ба вазифаи директори мактаб таъин кардани одами худашон бо истифода аз яроқи оташфишон ба қатл расонидаанд.

Дар нишасти ахири матбуоти додситони Хатлон гуфт, ки “парвандаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад ва кӯшиш мекунанд ҷиноят то охир кушода шуда, ҳамаи ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

“Ҷинояти куштор муҳлати гузариш надорад ва мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ҷинояти куштору ғоратгарӣ, ки солҳои пеш содир шудаанд, кушода шаванд. Аз ҷумла, нафари сеюми гумонбар дар куштори Мирзо Одинаевва оилаи ӯ боздошту муҷозот гардад”, – гуфт Аваз Назарзода.

Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли равон додситонии вилояти Хатлон якҷо бо гурӯҳи фаврии ВКД ва зерсохторҳои он дар вилоят 4 ҷинояти кушору ғоратгарии солҳои пеш содиршударо ошкор ва муттаҳамонро ба додгоҳ супоридаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.