Дар ҷануби Тоҷикистон корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ месозанд

Дар шаҳри Бохтар сохтмони корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бохтар Абдумаҷид Муминзод хабар дод. “Имрӯз мушкили партовҳо дар шаҳр хеле ҷиддӣ шуда, мо бо душворӣ ин масъаларо ҳал карда истодаем ва метавон гуфт, ки зери назорат гирифтем. Мувофиқи таҳлили мо, 50%-и […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар сохтмони корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бохтар Абдумаҷид Муминзод хабар дод.

“Имрӯз мушкили партовҳо дар шаҳр хеле ҷиддӣ шуда, мо бо душворӣ ин масъаларо ҳал карда истодаем ва метавон гуфт, ки зери назорат гирифтем. Мувофиқи таҳлили мо, 50%-и партовҳо аз пластика иборат аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар шаҳр корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ созем”, – гуфт ӯ.

Ба ақидаи шаҳрдори Бохтар, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона, ҳалли мушкили партов дар шаҳр осонтар мешавад.

“Мутахассисон зиёда аз як моҳ ин масъаларо ҳатто то ҳаҷми ҳамарӯзаи партовҳои пластикӣ омӯхтанд. Лоиҳаи сохтмони корхона аллакай таҳия шуда, арзиши он 1 млн долларро ташкил медиҳад”, – зикр кард Абдумаҷид Муминзод.

Ӯ илова намуд, ки шаҳрдорӣ инчунин дигар лоиҳаҳо оид ба сохтмони корхонаҳои коркардаи навъҳои гуногуни партовҳоро баррасӣ мекунад.

Қаблан дар “Корхонаи коммуналӣ”-и Бохтар хабар дода буданд, ки дар шаҳр аз мошинҳои партовкашонӣ ва дигар техникаи махсус дар ин соҳа норасоӣ ба мушоҳида расида, бинобар ин, корхона саривақт  ба баровардани партовгоҳ аз шаҳр фурсат намеёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.