Дар Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии сохтмони роҳи оҳан то марзи Афғонистон оғоз шуд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар бораи оғози гуфтушунидҳо ҷиҳати таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён” протокол ба имзо расониданд. “Ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур роҳ ёфтан ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) аст”, – изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар бораи оғози гуфтушунидҳо ҷиҳати таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён” протокол ба имзо расониданд.

“Ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур роҳ ёфтан ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) аст”, – изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи оҳани пешбинишуда ба таъмини рушди савдои минтақавӣ, дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди сохташуда, камшавии сарборӣ ва тезонидани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард мусоидат мекунад.

“Дар сурати амалисозии муваффақонаи лоиҳа Тоҷикистон ба кишвари ҷолиби транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли бору маҳсулот бо кишварҳои ҳамсоя зиёд мешавад, ки ин дар навбати худ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои минтақа судманд аст”, – иброз дошт вазир.

Иҷрокунандаи вазифаи сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки татбиқи лоиҳа боз як қадамест ба самти ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон. “Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба баҳр роҳи баромад пайдо карда, ҳалқаи калидӣ барои ҳамлу нақли байнулмилалӣ шавад”, – гуфт ӯ.

Сафир зикр кард, ки ин аввалин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба сохтмони роҳҳои оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ӯ изҳори итимон кард, ки корҳо дар муддати се сол пурра ба анҷом мерасанд.

Дар Вазорати нақлиёт таъкид мекунанд, ки протокол аз рӯи натиҷаҳои якчанд марҳилаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо ба имзо расида, ҳамаи ҷанбаҳои тадорукотиву ҳуқуқии ҷараёни таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён”-ро танзим мекунад. Арзиши пешбинишудаи таҳияи он 4 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Масофаи роҳи оҳан то марзи Афғонистон ҳудуди 51 километрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ сохтмони 28 пул ва 160 низоми обпарто пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.