Тоҷикистон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба роҳ мемонад

Date:

Тоҷикистон барои ҳадафҳои шаҳрвандӣ ҳавопаймоҳои бесарнишин тавлид хоҳад кард. Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 1-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Технологияи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин сода буда, ҷузъҳои онро ширкатҳои ватанӣ месозанд” – таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи вазир, бесарнишинҳои истеҳсолшуда дар соҳаҳои геология, геодезия, кишоварзӣ, топография, нақлиёт, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ истифода мешаванд.

Моҳи июни соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои давраи то соли 2024 тавсиб кард, ки тибқи он кишвар ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии худро таҳия ва мутахассисонро барои идора кардани онҳо омода мекунад.

“Ҳар як давлати соҳибистиқлол вазифадор аст, ки барои таҳкими иқтидори амниятии худ чунин дастгоҳҳоро истеҳсол кунад. Мо низ ин намуди саноатро инкишоф медиҳем” – қайд кард Шералӣ Кабир.

Ҳамчунин ӯ илова кард, “истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин чун истеҳсоли мошинҳои барқӣ ба соҳаи мошинсозӣ дохил мешавад. Тоҷикистон қасд дорад якҷо бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли мошинҳои барқиро низ ба роҳ монад. Барои ин мо тамоми захираҳоро дорем –  иқтидори бузурги энергетикӣ ва захираи литий”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, дар наздиктарин фурсат дар заминаи кони литий, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст, истихроҷи маъдан ва коркарди он шуруъ мешавад.

Соли гузашта ҶДММ “Авесто групп” ва ширкати хитоии “Ҷинчуен” дар бораи таъсиси корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори 1500 мошин дар як сол ёддошт ба имзо расониданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар соҳаи саноати мошинсозӣ, ҳарбӣ ва кимиё ба маблағи тақрибан 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи қиёсӣ 300 миллион сомонӣ бештар аст.  Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳаҳо 18,2 фоизро дарбар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...