Медали сеюми олимпии Тоҷикистонро Давлат Болтаев ба даст овард

Date:

Дар Бозиҳои олимпии Париж муштзани тоҷик Давлат Болтаеви 25-сола ба дарёфти медали сеюми олимпӣ барои дастаи Тоҷикистон шарафёб гардид. Дар рақобати нимфиналӣ – аз намояндаи Ӯзбекистон – Лазизбек Муллоҷонов бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дар рақобати аввал Болтаев Болтаев бар варзишгари Гурҷистон Георгий Кушиташвилии 28-сола бо ҳисоби 3:2, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷек Марлии 21-сола аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд.

Давлат Болтаев бори нахуст ба медали олимпӣ соҳиб шуд. Соли 2022 ӯ унвони қаҳрамони Осиё оид ба бокс байни ҷавононро ба даст оварда буд. Моҳи майи соли 2023 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ӯ то даври чаҳорякниҳорӣ роҳ ёфта, моҳи октябри ҳамин сол дар Бозиҳои Осиё дар Ханчжоуи Чин дар вазни 92 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Бо гузашти 12 сол Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ дастоварди Мавзуна Чориеваро, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 медали биринҷӣ гирифта буд, такрор кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Давлат Болтаев пас аз рақобат дар Париж

Ба ин тариқ, аз 14 варзишгари Тоҷикистон 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев аз Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар Париж бо медалҳои биринҷӣ бармегарданд.

Пеш аз Давлат Болтаев ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков (82 кг) ва Темур Раҳмимов (зиёда аз 100 кг) ба дарёфти медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Париж шараёфб гардида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...