Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Мубодилаи барқияҳои табрикӣ байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мубодилаи барқияҳои табрикӣ байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия

12
12

Имрӯз, 8 апрел байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

“Тули ин се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд”, – баён мегардад дар барқия табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Владимир Путин.

Гуфта мешавад, Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст. Изҳори итминон мешавад, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

“Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем. Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод”, – таъкид мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқияи табрикии Владимир Путин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки тӯли даҳсолаҳои сипаришуда муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ расанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2021 ҳамарӯза ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтаанд

Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Москва ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд”, – омадааст дар барқияи табрикии Владимир Путин.

Президенти Русия ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки “тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти кишварҳо буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад”.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 8 апрели 1992 барқарор шудаанд. Россия яке аз аввалинҳо шуда  Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф намуд. Заминаи рушди равобити давлатҳоро дар шароити рушди мустақилона Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар аз  8 апрели 1992 ташкил медиҳад.

4 майи 1992 дар Душанбе Сафорати Федератсияи Россия ифтитоҳ гардид. 8 июни 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил шуда, 18 декабри 1993 дар асоси ин Намояндагӣ Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ифтитоҳ шуд.

Айни замон, дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск Консулгариҳои генералии  Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Россия фаъолият мекунад.

Аз соли 1992 то 2020 байни Тоҷикистону Россия беш аз 290 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия 1,352 млрд долларро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...